Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар гурӯҳи “С” бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад. Мусобиқаи ин гурӯҳ аз 2-юм то 6-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 2-юми октябр бо Молдив, 4-уми октябр бо Лубнон ва 6-уми октябр бо Сурия рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати футболбозони ҷавони тоҷик соати 19:00 шуруъ мешавад.
Дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола 46 даста ширкат меварзад, ки тибқи қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ, дар минтақаи Шарқ бошад, 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонон роҳ пайдо мекунанд.
Макони баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола ҳанӯз муайян нашудааст. Агар мизбони қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 19-сола дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб шавад ва ё ба қатори чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум шомил гардад, онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо мекунад.
Таркиби гурӯҳҳои қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Умон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон, Молдив.
Гурӯҳи «D»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Мариани Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мянмар (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Тимори Шарқӣ.
Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола
Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
2-юми октябр (чоршанбе)
16:00 – Сурия – Лубнон
19:00 – Тоҷикистон – Молдив
Даври 2-юм
4-уми октябр (ҷумъа)
16:00 – Молдив – Сурия
19:00 – Лубнон – Тоҷикистон
Даври 3-юм
6-уми октябр (якшанбе)
16:00 – Лубнон – Молдив
19:00 – Тоҷикистон – Сурия