Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Деян Дедович, мутахассиси сербиягӣ, дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 рӯзҳои 25-26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), мунтахаби футзали кишвар барои ширкат дар бозиҳои дӯстона рӯзи 22-юми сентябр ба Дубай расид. Деян Дедович ба ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон 14 бозигарро даъват кардааст.
Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.
Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гурӯҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Муродулло Алиқулов (ҳарду аз «Соро компания»);
Бозигарон: Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Муҳаммадҷон Шарипов, Файзалӣ Сардоров, Умед Қузиев, Собирҷон Гулаков (ҳама аз «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»), Рустам Ҳамидов («Сан Сити», Қирғизистон).
Сармураббӣ – Деян Дедович (Сербия).
Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби футзали Тоҷикистон
25 сентябр (чоршанбе)
Иморот – Тоҷикистон
Дубай, Иморот
26 сентябр (панҷшанбе)
Иморот – Тоҷикистон
Дубай, Иморот
29 сентябр (якшанбе)
Баҳрайн – Тоҷикистон
Манама, Баҳрайн
30 сентябр (душанбе)
Баҳрайн – Тоҷикистон
Манама, Баҳрайн
Пештар СССР буд ва аз зулми раисчхои махалли ба Москва шикоят мекарданд. Холо бошад касе ба доди мардуми одди намерасад. Бо чунин эхтироми раисчахо ва додарони раисчахо ва бо чунин рафтор нисбати мардуми одди боварии мардум аз Чаноби оли мегардад. Мардум ноумед мешавад.
Рахмонов Эмомали Шарипович, илтимос ба истеъфо равед. Худат медони ки мардум аз ту ва авлодат безор шудааст ва туро дигар намехоханд.30 соли дароз хукмрони карди вале натичаи хамаи кору захмати 30 солаат ба сифр баробар аст. Боре гуфта буди ки як бародари тракторист дориву халос аммо имруз ба як кабилаи калон ки хуни мардумро макида истодааст табдил гаштед. Озоди ту хамеша дар бари халк буди дигар ВАО-и Точикистон хамааш лаганбардору чоплус шудаанд. Ту Радиои Озоди шери нари.
Ана барои ҳами меганку шукр кунед ки чунин ватани азизу муқаддас доред шукр кунед шукр
Сад афсуски мо худбин шудем берахм шудем ба одамони мансабдор хама чиз мункину ба мардуми оди хеч чиз сад афсус кори хуб нашудас умдатан ин як мушкили тамоми чумхури хаст хама заминхо дар дасти вазифадоро дехкон дар мардикори
Ба телефони бовари ВКД занг занед 221.21.21