Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали нуқраи Беҳрӯзи Хоҷазода дар Гран-прии ҷудо дар Тошканд


Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, дар Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 20-22-юми сентябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон доир гардид, медали нуқра ба даст овард.

Беҳрӯз баъди чаҳор пирӯзӣ бар рақибонаш аз Русия, Британияи Кабир, Қазоқистон ва Шведсия ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони узбек Ҳикматуллоҳ Тӯраев мағлуб шуд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тошканд 421 варзишгар (231 мард ва 190 зан) аз 70 кишвар иштирок кард. Мусобиқа байни мардон дар ҳафт вазн: 60, 66, 73, 81, 90, 100, беш аз 100 кг ва миёни занон низ дар ҳафт вазн: 48, 52, 57, 63, 70, 78, беш аз 78 кг сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар шомил буд, ки аз рӯи ҳамаи дараҷаи вазнҳо миёни мардон рақобат карданд: Муҳаммад Маҳмадизода (-60 кг), Шаҳбоз Саидаброров (-60 кг), Ёқубҷон Боқиев (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-73 кг), Акмал Муродов (-81 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Шарифҷон Назриев (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Шакармамад Мирмамадов (+100 кг).

Темур Раҳимов, ки аз панҷ қувваозмоӣ дар сетоаш бар рақибонаш аз Маҷористон, Узбекистон ва Британияи Кабир ғолиб омада, дар ду рақобат аз гуштигирони Австрия ва Украина шикаст хӯрд, мақоми панҷумро касб намуд.

Муҳаммад Маҳмадизода, ки аз чаҳор қувваозмоӣ дар дутоаш бар рақибонаш аз Ҳиндустон ва Украина пирӯз шуда, дар ду рақобат аз варзишгарони Узбекистон ва Тайпейи Чин мағлуб гашт, мақоми ҳафтумро азони худ кард.

Вале паҳлавонони дигар тоҷик дар даври муқаддамотӣ ба нокомӣ дучор шуда, аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои ҷойи якум се ҳазор доллар, барои ҷойи дувум ду ҳазор доллар, барои ҷойҳои севум якҳазордолларӣ супурда шуд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 7 медал (5 тилло ва 2 нуқра) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Узбекистон бо касби 7 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи дувум ва мунтахаби Австрия бо касби 4 медал (2тилло ва 2 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра, инчунин як ҷойи панҷуму як ҷойи ҳафтум дар ҷойгоҳи 12-ум қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо дар Тошканд бе медал монда буданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 14 варзишгар дохил буд, ки 12 нафари онҳо дар сабқати мардон ва 2 нафар дар сабқати занон ширкат варзиданд.

Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии ҷудо дар Тошканд:

Мардон
60 кг
1. АБУЛАДЗЕ Яго (Русия)
2. КОГА Ҳенке (Ҷопон)
3. УРОЗБОЕВ Диёрбек (Узбекистон)
3. ЯНГ Юнг Вей (Тайпей)

66 кг
1. ШАМИЛОВ Яъқуб (Русия)
2. АИДА Юҷи (Ҷопон)
3. АБДУЛМАВГОУД Маҳамед (Миср)
3. НУРУЛЛОЕВ Сардор (Узбекистон)

73 кг
1. ТУРАЕВ Ҳикматуллоҳ (Узбекистон)
2. ХОҶАЗОДА Беҳрӯз (Тоҷикистон)
3. СИЛОҒЛУ Битал (Тукркия)
3. ЭСТРАДА Магдиел (Куба)

81 кг
1. БОЛТАБОЕВ Шарофиддин (Узбекистон)
2. РАСУЛОВ Камодиддин (Узбекистон)
3. БОРЧАШВИЛИ Шамил (Австрия)
3. ЧОУЧИ Самӣ (Белгия)

90 кг
1. НЕЙМАН Маркус (Шведсия)
2. ХОЛМУРЗАЕВ Хусейн (Русия)
3. БАКЕР Машу (Ҷопон)
3. ЗИЛКА Петер (Словакия)

100 кг
1. ЗАНКИШИЕВ Казбек (Русия)
2. КОТСОЕВ Зелим (Озарбойҷон)
3. МУКЕТЕ Даниел (Беларус)
3. СВИРИД Микита (Беларус)

+100 кг
1. ТУШИШВИЛИ Гурам (Гурҷистон)
2. ОЛТИБОЕВ Бекмурод (Узбекистон)
3. ҲЕГЙИ Стефан (Австрия)
3. ХАММО Якив (Украина)

XS
SM
MD
LG