Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт. САДО


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби наврасони Урдунро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод, дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб намуда, ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ пайдо кард.

Ин бозии гурӯҳи “А” шаби якшанбеи 22-юми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад, доир гардид. Голҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистонро Раҳматшо Раҳматзода, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Хусрав Тоиров, Суннатулло Азизов ва Муҳаммадворис Саидалиев ба самар расониданд.

Гуфтугӯ бо Анваршо Мирзоев, раҳбари дастаҳои мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:11 0:00
Линки мустақим

Дар бозии дигари даври охирини гурӯҳи “А”, ки шоми якшанбе доир шуд, дастаи Непал мунтахаби Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А”, ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор шуд, дар ҳамаи чаҳор бозиаш ғолиб омад ва дар ин гурӯҳ бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт.

Анваршо Мирзоев, раҳбари дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё дар Урдун беҳтарин бозиҳоро намоиш дод.

“Ин самараи меҳнати Федератсияи футболи Тоҷикистон аст, ки дар тӯли ҳафт-ҳашт соли охир ба рушди футбол миёни кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ман мутмаинам, ки ояндаи футболи тоҷик дурахшон аст. Аз ҳисоби ин футболбозони наврас ва дастаи мунтахабе, ки моҳи октябр дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия иштирок мекунад, баъди панҷ-шаш сол тими миллии кишвар таркиб меёбад ва дар оянда ба комёбиҳо мушарраф мегардад," - афзуд Анваршо Мирзоев.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат гирифтанд: Тоҷикистон (гурӯҳи «A»), Ҳиндустон (гурӯҳи «В»), Эрон (гурӯҳи «С»), Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «D»), Қатар (гурӯҳи «E»), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (гурӯҳи «F»), Чин (гурӯҳи «G»), Австралия (гурӯҳи «Н»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «I»), Ҷопон (гурӯҳи «J») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «К»).

Инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо - Яман (гурӯҳи «Е»), Индонезия (гурӯҳи «G»), Узбекистон (гурӯҳи «В») ва Умон (гурӯҳи «D») - ба ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Баҳрайн мушарраф шуданд.

Зимнан, мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои чаҳорумин бор аст, ки дар марҳилаи ниҳоии қаҳрмонии Осиё ширкат хоҳад кард. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2006, 2010 ва 2018 ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқоти қитъавӣ роҳ пайдо карда буданд. Беҳтарин натиҷаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар соли 2018 дар Малайзия мебошад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони зери 16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Меҳрубон Каримов, 74), Муҳаммадворис Саидалиев (Суннатулло Азизов, 60), Кабир Салимшоев (Шаҳриёр Норов, 77), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

18-уми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 19 тамошогар.

Урдун – Шри-Ланка – 7:0

Даври 4-ум

Непал – Тоҷикистон – 0:7

Голҳо: Муҳаммадворис Саидалиев, 7 (0:1). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 12 (0:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 15 (0:3). Муҳаммадворис Саидалиев, 29 (0:4). Хусрав Тоиров, 46 (0:5). Хуршед Давлатзода, 71 (0:6). Муҷовид Шовайсуддинов, 83 – аз пеналтӣ (0:7).

Тоҷикистон: Суҳробхуҷа Юсупов, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Хуршед Давлатзода, 50), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев, Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Ҳукмиддин Шомуродов (Саидҷон Сафаров, 63).

20–уми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 127 тамошогар.

Урдун – Кувайт – 1:1

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Урдун – 5:2

Голҳо: Абдулқодир Ал-Алем, 11 (0:1). Адҳам Гҳанем Ал-Редаӣ, 13 (0:2). Раҳматшо Раҳматзода, 24 (1:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (2:2). Хусрав Тоиров, 69 (3:2). Суннатулло Азизов, 77 (4:2). Муҳаммадворис Саидалиев, 82 (5:2).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов (Бежан Нишонбойзода, 84), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 69), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев (Муҷовид Шовайсуддинов, 66), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов.

22-юми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. . 1123 тамошогар.

Шри-Ланка – Непал – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

4

4

0

0

29-2

12

2

Урдун

4

2

1

1

17-6

7

3

Кувайт

4

1

2

1

4-11

5

4

Непал

4

1

1

2

4-15

4

5

Шри-Ланка

4

0

0

4

0-21

0

Шарҳҳоро бинед (15)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG