Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA чаҳор зина боло шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол, ки 19-уми сентябр дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, чор зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1174 имтиёз дар ҷойгоҳи 115-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1752 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Фаронса бо 1725 имтиёз дар зинаи дувум ва Бразилия бо 1719 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1662 имтиёз, Португалия – 1643 имтиёз,Уругвай – 1639 имтиёз, Испания – 1631 имтиёз, Хорватия – 1625 имтиёз, Колумбия – 1622 имтиёз ва Аргентина – 1614 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1522 имтиёз дар зинаи 23-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 31-ум, 1490 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 37-ум, 1470 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (25-ум, 1516 имтиёз), Русия (42-юм, 1455 имтиёз) ва Беларус (82-юм, 1294 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Қазоқистон (116-ум), Литва (131-ум), Туркманистон (131-ум), Латвия (139-ум) ва Молдова (172-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (88-ум) ва Қирғизистон (97-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи "F" бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар майдони худ бар мунтахаби Қирғизистон ва дар бозии дувумаш дар меҳмонӣ бар мунтахаби Муғулистон бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи "F" дар ҷойи аввал аст. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Муғулистон бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври севум озод аст. Футболбозони тоҷик дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Ҷопон рақобат мекунанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG