Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон Кувайтро голборон кард


Акс аз сомонаи ФФТ.

Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мунтахаби наврасони Кувайтро бо ҳисоби бузурги 9:0 шикаст дод.

Ин бозии гурӯҳи “А” шоми чоршанбеи 18-уми сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад, доир гардид. Кабир Салимшоев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода дуголӣ, Муҳаммадворис Сайдалиев, Суннатулло Азизов, Мехрубон Каримов ва Хусрав Тоиров якголӣ ба самар расониданд. Голи аввалинро дар ин дидор бозигари мунтахаби Кувайт Аҳмад Ал-Кандарӣ ба дарвозаи дастааш зад.

Дар бозии дигари даври севум дар гурӯҳи “А”, ки шаби чоршанбе доир шуд, дастаи мизбон – Урдун - мунтахаби Шри-Ланкаро бо ҳисоби 7:0 шикаст дод.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар Урдун бар мунтахаби наврасони Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 8:0 пирӯз шуда буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дар ҷадвали гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Урдун, ки шашимтиёзӣ гирифтаанд, пешсафанд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бозии севумашро дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” рӯзи ҷумъаи 20-уми сентябр бо мунтахаби Непал баргузор мекунад. Ин бозӣ соати 22:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад. Дар бозии дигари ин гурӯҳ мунтахаби Урдун бо дастаи Кувайт рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дувуми гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 16-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2020 дар Баҳрайн доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои наврасони зери 16-сола

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум
Непал – Урдун – 0:7
Кувайт – Шри Ланка – 2:0

Даври 2-юм
Шри-Ланка – Тоҷикистон – 0:8
Голҳо: Муҳаммадворис Сайдалиев, 17 (0:1). Хусрав Тоиров, 22 (0:2). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 25 (0:3). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 34 (0:4). Кабир Салимшоев, 40 (0:5). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 60 (0:6). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 68 (0:7). Фахриддин Аҳтамов, 88 (0:8).

Кувайт – Непал – 1:1

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Кувайт – 9:0

Голҳо: Аҳмад Ал-Кандарӣ, 20 – ба дарвозаи худ (1:0). Кабир Салимшоев, 42 (2:0). Кабир Салимшоев, 45+2 (3:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 45+4 (4:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 47 (5:0). Суннатулло Азизов, 68 (6:0). Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 74 (7:0). Меҳрубон Каримов, 77 – аз пеналтӣ (8:0). Хусрав Тоиров, 90+1 (9:0).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф, Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Меҳрубон Каримов, 74), Муҳаммадворис Саидалиев (Суннатулло Азизов, 60), Кабир Салимшоев (Шаҳриёр Норов, 77), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов.

18-уми сентябр. Зарқа. Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳзода Муҳаммад. 19 тамошогар.

Урдун – Шри-Ланка – 7:0


Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

2

0

0

17-0

6

2

Урдун

2

2

0

0

14-0

6

3

Кувайт

3

1

1

1

3-10

4

4

Непал

2

0

1

1

1-8

1

5

Шри-Ланка

3

0

0

3

0-17

0

Даври 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00. Урдун – Кувайт
22:00. Непал – Тоҷикистон

Даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00. Шри-Ланка – Непал
22:00. Тоҷикистон – Урдун

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG