Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурбек саломатиро аз даст дод, вале бо арӯси ҷопонӣ хушбахт шуд


Нурбек саломатиро аз даст дод, вале бо арӯси ҷопонӣ хушбахт шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Микако Сугувараи 41-сола аз ҷазираи Ҳокайдои Ҷопон (Япония) дуним сол боз дар Хоразми Узбекистон зиндагӣ мекунад.

Ӯ мегӯяд, “ба ин ҷо моҳи январи соли 2017 арӯс шуда омадам. Шароит дар Ҷопон хуб аст, дар Узбекистон каме вазнинтар. Вале ман дар ин ҷо оила дорам ва хушбахт ҳастам.”

Микако Сугувара даҳ сол пеш ба воситаи як барномаи давлатӣ барои такмили ихтисос ба Тошканд рафта буд ва дар бемористон таҷруба меандӯхт.

Ҳамон шабу рӯз усто Нурбек Рӯзимадов дар дӯконе дар пойтахти Узбекистон кор мекард ва ногоҳ сӯхтор сар заду дар байни оташ монд. 65 дар сади баданаш сӯхтро Нурбекро ба бемористон оварданд ва ӯ таҳти муроқибати Микако Сугувара қарор гирифт.

“Аз рӯзе, ки ба шифохона рафтам, аҳволи маро дид. Ба нигоҳубини ман сар кард. Фишори хунамро месанҷид. Хӯрок медод, об медод”, -- нақл кард Нурбек Рӯзимадов

Баъди ба по хестан Нурбек Рӯзимадов ба зодгоҳаш Хоразм баргашт ва Микако Сугувара ба Ҷопон. Аммо ҳазорҳо километр дурӣ риштаи муҳаббатеро, ки дар бемористон байни бемору пизишк ба вуҷуд омада буд, канда натавонист.

Нурбек ба воситаи наздиконаш Микакоро дар Интернет ҷуст ва ёфт. Сугувара соли 2016 ба Узбекистон рафт ва соли 2017 тӯйи онҳо барпо гашт. Дар таърихи Хоразм бори аввал аст, ки як узбекистонӣ бо шаҳрванди Ҷопон издивоҷ кардааст.

Ҳосили ин издивоҷ писаре шуд, ки номашро Наҷот гузоштаанд. Ба хотири наҷоти Нурбек Рӯзимадов аз байни оташ ва наҷоти ишқи устои хоразмӣ бо зане ҷопонӣ.

XS
SM
MD
LG