Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.

Баҳодур 12-уми сентябр дар вазни зери 63 кило вориди рақобат шуда, ба Александр Железняк аз Украина бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад. Ӯ дар даври баъдӣ рӯзи 14-уми сентябр Эрдемир Туғрулро аз Туркия дар раунди севум бо нокаути техникӣ шикаст дод.

Ҳамакнун Баҳодур дар ҳаштякфинал рӯзи 17-уми сентябр бо Софян Умиҳа аз Фаронса рақобат хоҳад кард. Зимнан, Софян қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, барандаи медали нуқраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро дар вазни зери 60 кило буда, имсол ӯ дар вазни зери 64 кило бо медали нуқраи Бозиҳои аврупоӣ мукофотонида шудааст.

Ёдовар мешавем, Баҳодури 21-сола дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳамчунин ӯ соли равон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Отирави Қазоқистон медалҳои тилло ва дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Чунонки сомонаи расмии Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) хабар додааст, дар мусобиқоти 20-уми қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар Екатеринбург 365 варзишгар аз 78 кишвар аз рӯи 8 дараҷаи вазнҳо – зери 52, 57, 63, 69, 75, 81, 91 кило ва беш аз 91 кило – рақобат мекунанд.

Тоҷикистонро дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Екатеринбург чаҳор варзишгар – Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг) ва Мирзомуҳаммад Бахтиёр (-75 кг) – намояндагӣ мекунанд.

Аз миёни муштзанҳои тоҷик аввалин шуда Мирзомуҳаммад Бахтиёр рӯзи 9-уми сентябр дар вазни зери 75 кило ба рақобат пардохт. Вале ӯ дар даври аввал аз Ҳавйер Мартинес аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Шаббос Неъматуллоев рӯзи 10-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 81 кило бар Лиридон Нуҳа аз Шведсия бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Вале ӯ дар даври баъдӣ 15-уми сентябр аз Абдулраҳмон Салоҳ Орабӣ аз Миср бо ҳисоби 2:3 мағлуб гашт.

Бахтовар Сагизов 11-уми сентябр дар даври аввал дар вазни зери 57 кило аз рақибаш Муҳаммад Ҳамоут аз Марокаш бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз чаҳор варзишгари тоҷик танҳо як нафар – Баҳодур Усмонов – муборизаро барои медали қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Екатеринбург идома медиҳад.

Мақсади аслии зӯртарин муштзанҳои ҷаҳон дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад. Вале мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Екатеринбург роҳро ба Олимпиадаи Токио-2020 намекушояд, зеро ки ба иллати муноқиша миёни Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳоро лозим меояд боз дар як мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳои олимпӣ мубориза баранд.

XS
SM
MD
LG