Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи футболи Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А", ки аз 14-ум то 22-юми сентябр дар Урдун баргузор мешавад, ба Уммон расид.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар Аҳлиддин Турдиев бо худ ба Уммон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – овардааст.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.
Футболбозони навраси тоҷик аввалин бозиашонро дар марҳилаи интихобӣ рӯзи душанбе, 16-уми сентябр, муқобили ҳамсолони худ аз Шри-Ланка анҷом медиҳанд. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Дар марҳилаи интихобӣ 47 даста иштирок мекунад, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст. Ба минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва ба минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ шомил аст.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум мувофиқи нишондодҳояшон ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Суҳробхуҷа Юсупов (ҳарду аз Академияи футболи ФФТ), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Соро компания»);
Ҳимоятгарон: Нурсултон Норбойзода, Шаҳриёри Иноятулло, Шаҳриёр Норов, Ҳукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Саидҷон Сафаров, Раҳматшо Раҳматзода (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Нимҳимоятгарон: Қурбоналӣ Муродов, Аббос Андалебов, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Муҷовид Шовайсуддинов (ҳама аз Академияи футболи ФФТ);
Ҳамлагарон: Суннатулло Азизов, Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Хуршед Давлатзода (ҳарсе аз Академияи футболи ФФТ), Муҳаммадворис Саидалиев («Соро компания»);
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби зери 16-сола
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
14 сентябр (шанбе)
19:00 – Непал – Урдун
22:00 – Кувайт – Шри-Ланка
Даври 2-юм
16 сентябр (душанбе)
19:00 – Шри-Ланка – Тоҷикистон
22:00 – Кувайт – Непал
Даври 3-юм
18 сентябр (чоршанбе)
19:00 – Тоҷикистон – Кувайт
22:00 – Урдун – Шри-Ланка
Даври 4-ум
20 сентябр (ҷумъа)
19:00 – Урдун – Кувайт
22:00 – Непал – Тоҷикистон
Даври 5-ум
22 сентябр (якшанбе)
19:00 – Шри-Ланка – Непал
22:00 – Тоҷикистон – Урдун
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.