Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутахассиси сербиягӣ сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон шуд


Деян Дедович аз рост
Деян Дедович аз рост

Мутахассиси сербиягӣ Деян Дедович сармураббии нави дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон таъйин гардид. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, муаррифии сармураббии нави мунтахаби футзали Тоҷикистон рӯзи 12-уми сентябр дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон доир шуд. Ба зиммаи мутахассиси 46-солаи сербиягӣ Деян Дедович ҳамчунин вазифаи сармураббии бошгоҳи футзали "Сипар"-и Хуҷанд вогузор шудааст.

"Маро барои ба дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон сарварӣ намудан даъват карданд, ки аз ин хушҳол шудам. Ба ман дар ситоди мураббиён сармураббии пешини дастаи мунтахаб Ҳусейн Шодиев ва раҳбари мунтахаби ҷавонони зери 20-солаи кишвар Эраҷ Носеҳов кӯмак мекунанд. Дар назди ман вазифа гузошта шудааст, ки мунтахаби Тоҷикистонро ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020, ки соли оянда доир мегардад, барорам", - иброз доштааст Деян Дедович ҳангоми муаррифиаш дар ФФТ.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 дар минтақаи муттаҳидаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Непал (23-юми октябр), Афғонистон (24-уми октябр) ва Узбекистон (25-уми октябр) рақобат мекунад.

Марҳилаи интихобии қаҳрамонии футзали Осиё дар шаҳри Урумияи Эрон доир мегардад. Аз ҳар як гуруҳи ин минтақа дудастаӣ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббии нави даста Деян Дедович дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 моҳи сентябр чаҳор бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзҳои 25-ум ва 26-уми сентябр дар шаҳри Дубай бо мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Манама парвоз менамояд ва рӯзҳои 29-ум ва 30-юми сентябр бо мунтахаби Баҳрайн ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев, ки дар мусобиқоти порсолаи қаҳрамонии Осиё дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи "В" бо се имтиёз ҷойи севумро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозиаш аз тимҳои миллии Ҷопон ва Узбекистон бо ҳисоби якхелаи 2:4 шикаст хӯрда, дастаи Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Дар гурӯҳи "В" мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳарсе бозиаш ғолиб омад, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи Узбекистон бо 6 имтиёз дувум шуд. Ҳарду даста – Ҷопон ва Узбекистон - ба чорякфинал баромаданд.

XS
SM
MD
LG