Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи нави иқомат, вале бо роҳи садсола аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Ҷойи нави иқомат, вале бо роҳи садсола аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:22 0:00

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед

Донишмандон нахустин бор сайёраеро берун аз манзумаи хуршедӣ пайдо карданд, ки дар он об ва мумкин аст, зиндагӣ ҳам вуҷуд дошта бошад. Онро К2-18B ном додаанд. Сайёрае бузургтар аз Замини мост ва унсури аслӣ барои ҳаёт, яъне об доштааст.

Анҷелос Тсиарас, ситорашинос аз Коллеҷи Донишгоҳи Лондон мегӯяд, “бори аввал аст, мо дар атрофи як сайёра атмосфераеро кашф кардем, ки ба истилоҳ Супер-Замин аст ва дар фосилаи қобили сукунат аз ситора ҷойгир аст. Яъне, дар ҷоест, ки ҳарорати муносиб барои мавҷудияти об вуҷуд дорад.”

Тсиарас узви гуруҳи донишмандони Коллеҷи Донишгоҳи Лондон аст, ки бо телескопи Ҳабл обро ёфтаанд. Об дар сайёрае будааст, ки дар берун аз манзумаи хуршедӣ дар атрофи як ситораи камнури сурх давр мезанад.

Ӯ афзуд: “Мо посухи як суоли асосиро меҷӯем, ки оё Замин дар Каҳкашон беназир аст, ё не. Мо сайёраҳоеро меҷӯем, ки шароити монанд бо Замин дошта бошанд, вале на барои он ки ба он ҷо равем. Он сайёра садҳо соли рӯшноӣ аз мо дур аст. Нури офтоб ба Замин дар 7-8 дақиқа мерасад, вале ба он сайёра дар 100 сол мерасад.”

Расидан ба он ҷо номумкин аст. Барои ҳамин ба гуфтаи донишмандон, беҳтар аст, ҷойи дигаре барои иқомат наҷӯем ва шароити зиндагӣ дар замини худро беҳтар кунем.

XS
SM
MD
LG