Сабрина Абророва, шатранҷбози ҷавони тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ оид ба шоҳмот миёни наврасони зери 14-сола, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон 10-уми сентябр ба анҷом расид, ду медали нуқра ба даст овард.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, имрӯз, 11-уми сентябр, хабар дод.
Вай гуфт, "дар ин мусобиқот 336 шатранҷбози ҷавон аз 10 кишвар - Бангладеш, Қазоқистон, Қирғизистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Непал, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Эрон - иштирок дошт. Мусобиқот оид ба шоҳмоти маъмулӣ, рапид ё шоҳмоти фаврӣ ва блитс ё шоҳмоти барқвор сурат гирифт".
Шоҳмотбози ҷавони тоҷик Сабрина Абророва оид ба рапид миёни духтарони зери 14-сола медали нуқра ба даст овард. Ӯ аз ҳафт бозӣ
дар панҷтоаш бар намояндагони Ҳиндустон (3 нафар), Узбекистон ва Шри-Ланка ғолиб омада, як бозиро бо варзишгари дигари Ҳиндустон мусовӣ кард ва дар як бозӣ аз ғолиби мусобиқот Роҳилла Шивика аз Ҳиндустон мағлуб шуд ва дар натиҷа ҷойи дувумро соҳиб гашт.
Медали дувуми нуқраро Сабрина миёни духтарони зери 14-сола оид ба шоҳмоти маъмулӣ гирифт. Ӯ дар нуҳ давр ҳафт имтиёз ба даст овард. Шатранҷбози тоҷик бар намояндагони Ҳиндустон (4 нафар), Узбекистон ва Шри-Ланка шаш пирӯзӣ ба даст овард, ду бозиро бо намояндагони Ҳиндустон мусовӣ кард ва дар як дидор аз намояндаи Ҳиндустон мағлуб гашт. Ҷойҳои якуму севумро шатраҷбозони Ҳиндустон ишғол намуданд.
Сабрина оид ба блитс ё шоҳмоти барқвор пас аз 4 ғалаба, 3 мусовӣ ва 2 бохт бо 5,5 имтиёз ҷойи 11-умро соҳиб шуд. Дар ин навъи рақобатҳо ҷойҳои якуму севумро намояндагони Ҳиндустон, ҷойи дувумро намояндаи Узбекистон ба даст оварданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ миёни наврасон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҳиндустон бо 116 медал (42 тилло, 37 нуқра, 37 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Узбекистон бо 6 медал (2-1-3) ҷойи дувум, Қазоқистон бо 3 медал (0-2-1) ҷойи севумро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 2 медали нуқра дар мақоми 4-ум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Сабрина Абророва соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Осиёи Ғарбӣ дар Тошканд миёни духтарони зери 12-сола оид ба рапид ё шоҳмоти фаврӣ медали нуқра ба даст оварда буд.
Ba Respublikai Tojikiston armiya darkor nest. Ba Rossiya korgari soxtmon mefiristad, ba ivaz az Rossiya dar chahorchubai ODKB vadai muhofizati marzu bum dar holati jangi megirad. Sarboz ba joi sarbozii majburi bigzor Rossiya plkorkuni ravad.
Ин хел набояд шавад
Скоро ба ширкати фароз супоред......
Хамаи аблавшико сум мегиран сар метан
дасгох ворид мекуни лекин вакти корро сар карданд хучаинхои зиёд пайдо мешавад бонкрот мекунам