Муниса Ойматова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии "G1 Beirut Open 2019" оид ба таеквондо (WT) миёни ҷавонон барандаи медали тилло гардид.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки рӯзҳои 6-8-уми сентябр дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор шуд, варзишгарон аз 21 кишвари дунё мувофиқи синну соли худ дар чаҳор гурӯҳ – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва бузургсолон – рақобат карданд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, Муниса Ойматова – танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни зери 49 кило бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, миёни ҷавонон мақоми аввалро касб намуд.
Зимнан, Муниса имсол дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, бо медалҳо мукофотонида шудааст. Чунончи, ӯ моҳи апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон, моҳи июл дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ медалҳои тилло, моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Кореяи Ҷанубӣ медали нуқра ба даст овардааст.