Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ван Дейк, Месси ва Роналду - муддаиёни унвони беҳтарин бозигари сол 


Ҳимоятгари "Ливерпул"-и Англия Вирҷил ван Дейк, ҳамлагари "Барселона"-и Испания Лионел Месси ва ҳамлагари "Ювентус"-и Италия Криштиану Роналду ба рӯйхати се довталаби унвони беҳтарин бозигари сол тибқи арзёбии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) дохил шуданд.

Дар ин бора сомонаи ФИФА хабар додааст.

Ван Дейк дар мавсими гузашта дар ҳайати "Ливерпул" ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо гардида, дар қаҳрамонии Англия баъди "Манчестер Сити" мақоми дувумро касб намуд. Аз ин пеш Ван Дейк барандаи ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсим тибқи арзёбии Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи аврупоӣ (UEFA) гардида, Месси ва Роналдуро ба қафо гузоштааст. Ин бозигари 28-сола моҳи июл дар ҳайати мунтахаби Нидерланд ба финали Лигаи миллатҳои УЕФА баромад, ки дастааш аз мунтахаби Португалия (0:1) мағлуб шудааст.

Месси мавсими гузашта қаҳрамони Испания гардида, ҳамроҳ бо "Барселона" то нимфинали Лигаи қаҳрамонҳо баромад ва дастааш аз "Ливерпул" (3:0, 0:4) шикаст хӯрд. Месси дар таркиби мунтахаби Аргентина ҷоизадори биринҷии Ҷоми Амрико дар соли 2019 гардидааст.

Роналду дар мавсими 2018/19 ба унвони қаҳрамони Италия даст ёфта, то чорякфинали Лигаи қаҳрамонҳо роҳ пайдо намудааст, ки дар ин марҳила "Ювентус" аз "Аякс"-и Ҳолланд (1:1, 1:2) мағлуб шуд. Инчунин ӯ дар ҳайати тими миллии Португалия ғолиби Лигаи миллатҳо гардидааст.

Маросими супурдани ҷоизаҳои ФИФА 23-юми сентябр дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, моҳи сентябри соли гузашта Лука Модрич, нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Хорватия ва бозигари бошгоҳи "Реал"-и Мадрид, беҳтарин бозигари сол тибқи арзёбии ФИФА эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG