Ба иттилои Федератсияи таэквондо (ITF) ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 29 варзишгар дохил буд.
Ду медали тиллоро варзишгарони тоҷик дар рақобатҳо миёни мардон соҳиб гаштанд. Муҳсинҷон Муллоҷонов дар вазни зери 52 кило ва Сиёвуш Иброҳимов дар вазни зери 71 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Сегонаи Сабина Тӯраева, Алишер Аҳмадов ва Муҳаммад Давлатшоев аз рӯи барномаи “Дифоъ аз худ” миёни бузургсолон, Оятулло Асадуллозода аз рӯи барномаи “Пас” миёни навҷавонони 16-17-сола ва Мансур Шодмонов дар вазни зери 45 кило миёни наврасони 14-15-сола бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.
Алишер Аҳмадов дар вазни зери 58 кило миёни мардон, Муъминҷон Нуров дар вазни зери 50 кило миёни наврасони 14-15-сола, Сино Иброҳимов дар вазни зери 51 кило ва Муфара Ҳалимова дар вазни зери 52 кило миёни духтарони 16-17-сола бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.