Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон. Саидҷалол Саидов дар даври аввал мағлуб шуд


Саидҷалол Саидов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - ҷараён дорад, дар даври аввал ноком шуд. Ба ин тартиб, то ҳоло шаш гуштигири тоҷик, ки рақобатҳоро ба анҷом расониданд, бе медал монданд.

Саидҷалол Саидов имрӯз, 30-юми август, дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило дар даври аввал аз Шоҳ Ҳусейн Шоҳи покистонӣ шикаст хӯрд. Рақибаш дар муддати як дақиқаю 53 сония бо баҳогузории иппон ғолиб шуд.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ дар Токио 839 варзишгар (509 мард ва 330 зан) аз 147 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил аст: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

То ҳоло шаш варзишгари тоҷик рақобатҳои худро ба анҷом расониданд. Аз байни онҳо ду нафар – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Ҳарду дар вазни зери 73 кило аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуданд. Барои медали биринҷӣ Беҳрӯз аз Денис Лартсев (Русия) ва Сомон аз Ҳидоят Ҳайдаров (Озарбойҷон) шикаст хӯрданд ва дар натиҷа ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Ба ҷуз аз Саидҷалол Саидов, боз се нафари дигар - Хайёмиддин Ҷабборов, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён – дар аввалин рақобати худ шикаст хӯрданд.

Боз ду варзишгари тоҷик – Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов – рӯзи шанбеи 31-уми август дар вазни беш аз 100 кило қувваозмоӣ хоҳанд кард. Темур, ки даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Шин Матсумура (Филиппин)/Александр Вахавяк (Беларус) рӯбарӯ мешавад. Рақиби Шакармамад дар даври аввал Владислав Тсиарпитски (Беларус) мебошад.

Гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио барои 14 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуъ миёни мардон ва 7 маҷмуъ миёни занон), инчунин, барои як маҷмуи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта то рӯзи 1-уми сентябр мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар (20800 доллар - варзишгар ва 5200 доллар - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор доллар (12000 доллар - варзишгар ва 3000 доллар - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор доллар (6400 доллар - варзишгар ва 1600 доллар - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор доллар (72000 доллар - варзишгарон ва 18000 доллар - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор доллар (48000 доллар - варзишгарон ва 12000 доллар - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор доллар (20000 доллар - варзишгарон ва 5000 доллар - мураббиён) супурда мешавад.

Баъди панҷ рӯзи рақобатҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио мунтахаби Ҷопон бо касби даҳ медал (3 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ пешсаф аст. Мунтахаби Фаронса бо касби чор медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) - дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Нидерланд бо касби ду медал (1 тилло ва 1 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи севум қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби ду ҷойи панҷум дар байни 147 кишвар мақоми 23-юмро ишғол кардааст.

Ғолибон ва ҷоизадорони қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2019 дар Токио аз рӯи панҷ вазн:

Мардон

60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3, НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)

66 кг
1. МАРУЯМА Ҷоширо (Ҷопон)
2. КИМ Лимҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
3. ВИЕРУ Денис (Молдова)

73 кг
1. ОНО Шоҳей (Ҷопон)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ЯРТСЕВ Дения (Рус)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. КАССЕ Матиас (Белгия)
3. МАЙСУРАДЗЕ Люка (Гурҷистон)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)

90 кг
1. ВАН Т ЭНД Ноел (Нидерланд)
2. МУКАИ Шоичиро (Ҷопон)
3. КЛЕРГЕТ Аксел (Фаронса)
3. МАҶДОВ Неманҷа (Сербия)

Занон

48 кг
1. БЕЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. КРАСНИЧИ Дистрия (Косово)
3. МУНҲБАТ Урантсесг (Муғулистон)

52 кг
1. АБЕ Юта (Ҷопон)
2. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
3. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

57 кг
1. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
2. ЁОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
3. КОВАЛЧУК Юлия (Лаҳистон)
3. СИЛВА Рафаэла (Бразилия)

63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)
2. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ФРАНССЕН Ҷуул (Нидерланд)
3. ТРАЙДОШ Мартина (Олмон)

70 кг
1. ГАҲИЕ Марие Еве (Фаронса)
2. ТИМО Барбара (Португалия)
3. КОНВЕЙ Селли (Британияи Кабир)
3. ПИНОТ Маргаукс (Фаронса)

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - доир шуд, аз нӯҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то ҳоло медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG