Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон. Бохти Комроншоҳ дар аввалин қувваозмоӣ


Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио - ҷараён дорад, дар аввалин рақобати худ аз гуштигири Британияи Кабир Макс Стюарт шикаст хӯрд.

Комроншоҳ имрӯз, 29-уми август, бар асоси қуръакашӣ ба рақобатҳо дар вазни зери 90 кило аз даври дувум шуруъ кард. Рақибаш Макс Стюарт аз Британияи Кабир дар муддати чаҳор дақиқа бо баҳогузории ваза-ари ғолиб шуд.

Зимнан, Стюарт дар ҳамин ҳол дар раддабандии ҷаҳонии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) бо 1049 имтиёз дар ҷойгоҳи 49-ум қарор дорад. Комроншоҳ бошад, бо 3335 имтиёз аз Стюарт 36 зина боло – дар ҷойгоҳи 13-ум – қарор гирифтааст.

Ба иттилои вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ дар Токио 839 варзишгар (509 мард ва 330 зан) аз 147 кишвари панҷ қораи дунё ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ҳашт варзишгар шомил аст: - 66 кг – Хайёмиддин Ҷабборов, - 73 кг – Беҳрӯзи Хоҷазода, - 73 кг – Сомон Маҳмадбеков, - 81 кг – Акмал Муродов, - 90 кг – Комроншоҳи Устопириён, - 100 кг – Саидҷалол Саидов, + 100 кг – Шакармамад Мирмамадов, + 100 кг – Темур Раҳимов.

Аз байни паҳлавонони тоҷик нахустин шуда Хайёмиддин Ҷабборов дар вазни зери 66 кило ба рақобатҳо пардохт. Ӯ дар даври аввал аз Алберто Гаитеро Мартин аз Испания шикаст хӯрд.

Баъдан боз ду варзишгари тоҷик – Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков - дар вазни зери 73 кило вориди рақобатҳо шуданд. Ҳарду аз ҳафт қувваозмоӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, дар ду рақобат мағлуб шуданд. Барои медали биринҷӣ Беҳрӯз аз Денис Лартсев (Русия) ва Сомон аз Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷонӣ шикаст хӯрданд ва дар натиҷа ҷойҳои панҷумро касб намуданд.

Боз як варзишгари тоҷик - Акмал Муродов - 28-уми август дар вазни зери 81 кило дар даври дувум аз Кедрик Калонга (Конго) мағлуб шуд.

Боз се варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳо аз рӯи ду вазн ширкат меварзад. Саидҷалол Саидов 30-юми август дар вазни зери 100 кило дар даври аввал бо Ҳусейн Шоҳ (Покистон) рақобат менамояд.

Рӯзи 31-уми август дар вазни беш аз 100 кило ду паҳлавони тоҷик – Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов – бо рақибонашон қувваозмоӣ хоҳанд кард. Темур, ки даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Шин Матсумура (Филиппин)/Александр Вахавяк (Беларус) рӯбарӯ мешавад. Рақиби Шакармамад дар даври аввал Владислав Тсиарпитски (Беларус) мебошад.

Гуштигирон дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио барои 14 маҷмуи медалҳо (7 маҷмуъ миёни мардон ва 7 маҷмуъ миёни занон), инчунин, барои як маҷмуи ҷоизаҳо дар сабқати дастаҳои мунтахаби омехта то рӯзи 1-уми сентябр мубориза мебаранд. Ҳаррӯз ғолибон аз рӯи як дараҷаи вазнҳо миёни мардон ва як дараҷаи вазнҳо миёни занон маълум хоҳанд шуд.

Ин мусобиқоти ҷаҳонӣ ба гуштигирон имкон медиҳад, ки хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои медали тилло 2000 имтиёз, барои медали нуқра 1400 имтиёз ва барои медали биринҷӣ 1000 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио дар рақобатҳои инфиродӣ бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор доллар (20800 доллар - варзишгар ва 5200 доллар - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор доллар (12000 доллар - варзишгар ва 3000 доллар - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор доллар (6400 доллар - варзишгар ва 1600 доллар - мураббӣ) муқаррар шудааст.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор доллар (72000 доллар - варзишгарон ва 18000 доллар - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор доллар (48000 доллар - варзишгарон ва 12000 доллар - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор доллар (20000 доллар - варзишгарон ва 5000 доллар - мураббиён) супурда мешавад.

Баъди чор рӯзи рақобатҳо дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Токио мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медал (се тилло, се нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ пешсаф аст. Мунтахабҳои Канада ва Гурҷистон бо натиҷаи якхела - 2 медал (як тилло ва як биринҷӣ) - дар ҷойгоҳи дувум қарор доранд. Мунтахаби Тоҷикистон бо касби ду ҷойи панҷум дар байни 147 кишвар мақоми 20-умро ишғол кардааст.

Ғолибон ва ҷоизадорони чаҳор рӯзи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2019 дар Токио:

Мардон

60 кг
1. ЧХВИМИАНИ Лухуми (Гурҷистон)
2. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбекистон)
3, НАГАЯМА Рюҷи (Ҷопон)
3. СМЕТОВ Елдос (Қазоқистон)

66 кг
1. МАРУЯМА Ҷоширо (Ҷопон)
2. КИМ Лимҳван (Кореяи Ҷанубӣ)
3. АБЕ Ҳифуми (Ҷопон)
3. ВИЕРУ Денис (Молдова)

73 кг
1. ОНО Шоҳей (Ҷопон)
2. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)
3. ЯРТСЕВ Дения (Рус)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

81 кг
1. МУКИ Саги (Исроил)
2. КАССЕ Матиас (Белгия)
3. МАЙСУРАДЗЕ Люка (Гурҷистон)
3. ВАЛУА-ФОРТЕ Энтони (Канада)

Занон

48 кг
1. БЕЛОДИД Даря (Украина)
2. ТОНАКИ Фуна (Ҷопон)
3. КРАСНИЧИ Дистрия (Косово)
3. МУНҲБАТ Урантсесг (Муғулистон)

52 кг
1. АБЕ Юта (Ҷопон)
2. КУЗЮТИНА Наталя (Русия)
3. КЕЛМЕНДИ Майлинда (Косово)
3. ШИШИМЕ Аи (Ҷопон)

57 кг
1. ДЕГУЧИ Криста (Канада)
2. ЁОШИДА Тсукаса (Ҷопон)
3. КОВАЛЧУК Юлия (Лаҳистон)
3. СИЛВА Рафаэла (Бразилия)

63 кг
1. АГБЕНЕНУ Кларисс (Фаронса)
2. ТАШИРО Мику (Ҷопон)
3. ФРАНССЕН Ҷуул (Нидерланд)
3. ТРАЙДОШ Мартина (Олмон)

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки моҳи сентябр дар пойтахти Озарбойҷон – Боку - доир шуд, аз нӯҳ паҳлавони тоҷик ягон нафар натавонист медал ба даст биёрад. Аз миёни онҳо ду нафар – Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов - натиҷаҳои хубтар нишон дода, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро Федератсияи байналмилалии ҷудо сар аз соли 1956 баргузор мекунад, ки аз ҷиҳати моҳияти худ пас аз Бозиҳои олимпӣ дар мақоми дувум аст. Аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар ватани ҷудо – Ҷопон – бо ширкати 31 намоянда аз 21 кишвар барпо гардида буд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то ҳоло медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG