Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии ниҳоӣ аз мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.
Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ, ки барои бори дувоздаҳум доир гардид, бар ҳамсолонашон аз Арманистон ва Қазоқистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намуда буданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) барои ҷойи дувум ба ҷуз аз медалҳои нуқра бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 5 000 доллари ИМА сарфароз гашт. Дастаи ғолиб – мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) - бо медалҳои тилло ва 7 000 доллари ИМА мукофотонида шуд. Ба мунтахаби наврасони Литва (U-17), ки ҷойи севумро гирифт, медалҳои биринҷӣ ва 3 000 доллари ИМА тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ аз рӯи натиҷагирии мусобиқа бо ҷоизаи беҳтарин нимҳимоятгари Ҷоми президенти Қазоқистон сарфароз гашт.
Ҷоми президенти Қазоқистон-2019
Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум
Арманистон (U-17) – Қирғизистон (U-16) – 2:1
Бозӣ барои ҷойи севум
Қазоқистон (U-16) – Литва (U-17) – 2:3
Финал
Қазоқистон (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 3:0