Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2019: Чаҳор даста дар нимфинал


Бозиҳои ҷавобии чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол, ки рӯзи сешанбеи 27-уми август баргузор шуданд, чаҳор дастаи ширкаткунандаи даври ниманиҳоиро муайян карданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 6:0 пирӯз шуд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе - бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. «Дӯстӣ»-и Ҷайҳун бозиро дар майдони худ бо «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:2 ба поён расонд.

Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ чаҳор дастаи ғолиб ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Дар бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» бо «Ҳулбук» ва «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 1-уми октябр, бозиҳои ҷавобӣ 2-3-юми ноябр доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«Истиқлол» – «Эсхата» – 6:0

Голҳо: Аҳтам Назаров, 31 (1:0). Алишер Ҷалилов, 33 (2:0). Шериддин Бобоев, 50 (3:0). Шериддин Бобоев, 58 (4:0). Искандар Ҷалилов, 76 (5:0). Муҳаммад Ҳакимзода, 84 (6:0).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

27 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 150 тамошогар.

Бозии аввал – 2:1.

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 1:0

Гол: Дилшод Бозоров, 83.

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

27 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошогар.

Бозии аввал – 2:0.

«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир» – 2:1

Голҳо: Вахдат Ханонов, 1 (0:1). Алишер Холмуродов, 71 (1:1). Диловаршо Ғаниев, 74 (2:1).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

27 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

Бозии аввал – 1:1.

«Дӯстӣ» – «Ҳулбук» – 2:2

Голҳо: Шараф Саидов, 11 (0:1). Насим Маҳмадқулов, 36 (0:2). Рустам Муродов, 42 (1:2). Эроншо Равенов, 45 (2:2).

27 август. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошогар.

Бозии аввал1:2.

1/2 финал. Бозиҳои аввал

1 октябр (сешанбе)

«Истиқлол» – «Ҳулбук»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

2-3 ноябр (шанбе, якшанбе)

«Ҳулбук» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Шарҳҳоро бинед

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG