Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӯктош" дар майдони худ аз "Регар-ТадАЗ" шикаст хӯрд


Дар даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи шанбеи 24-уми август доир гардид, ду бозӣ бо пирӯзии мизбонон ва яктоаш бо ғалабаи меҳмонон хотима ёфт.

Бозии марказии даври сездаҳум миёни дастаи мизбон - «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар варзишгоҳи “Нефтяник” барпо гардид, бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 4:3 ба анҷом расид. Шерзод Маҳамадиев, бозигари “Регар-ТадАЗ”, ки се гол зад, қаҳрамони ин дидор шуд.

Дар бозии дигари даври сездаҳум «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод. Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев дуголӣ заданд, як голи дигар ба Алишер Ҷалилов марбут аст.

ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев ва Шодибек Ғаффоров ба самар расониданд. Зимнан, ин ғалабаи севуми пайиҳами низомиён бо раҳбарии мутахассиси украинӣ Сергей Житский мебошад.

Бозии даври сездаҳум миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истаравшан»-и Истаравшан ба муҳлати дертар гузаронида шудааст.

Баъди натиҷагирии даври сездаҳум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин “Истиқлол” пешсафи ягона аст. Қаҳрамони Тоҷикистон 35 имтиёз ба даст овардааст. “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд” бо 20 имтиёз зинаи дувумро касб намудааст. “Кӯктош” ва Регар-ТадАЗ» бо 19-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум

ССКА «Помир» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 10 – аз пеналтӣ (1:0). Шодибек Ғаффоров, 75 (2:0).

Бозигари беҳтарини дидор: Шодибек Ғаффоров (ССКА «Помир»).

Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

24 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 500 тамошогар.

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:4

Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 21 (0:1). Шерзод Маҳамадиев, 38 (0:2). Амирҷон Сафаров, 45+2 (1:2). Нозим Бобоҷонов, 48 (1:3). Муҳсин Абдуғаффоров, 73 – аз пеналтӣ (2:3). Шерзод Маҳамадиев, 75 (2:4). Отабек Каримов, 83 (3:4).

Бозигари беҳтарини дидор: Шерзод Маҳамадиев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

24 август. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 1200 тамошогар.

«Истиқлол» – «Хатлон» – 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Раҳимов, 14 (1:0). Шериддин Бобоев, 64 (2:0). Муҳаммадҷон Раҳимов, 67 (3:0). Шериддин Бобоев, 82 (4:0). Алишер Ҷалилов, 84 (5:0).

Бозигари беҳтарини дидор: Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

24 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

11

2

0

38-7

35

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

12

6

2

4

22-12

20

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

5

4

4

18-16

19

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

5

4

4

20-19

19

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

13

4

3

6

12-18

15

6

«Хатлон» (Бохтар)

13

4

3

6

13-20

15

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

12

3

2

7

10-18

11

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

13

2

2

9

8-31

8

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 9 тӯб, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош»), Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 6-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG