Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон


Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони зери 17-сола барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон аз 23-юм то 27-уми август дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба иттилои Федератсияи тенниси Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори даҳум баргузор мешавад, иштироки варзишгарони наврас аз Афғонистон, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи имсола, ки дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон барпо мегардад, 12 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Ба ғолибони мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ ва дастаӣ миёни писарону духтарон ба ҷуз ҷому медалу ифтихорнома ҷоизаҳои молӣ ба маблағи 1000 доллари ИМА супурда мешавад.

Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дувумро мегиранд, 800-долларӣ тақдим мегардад. Барои ҷойҳои севум ҷоизаҳои молӣ ба маблағи 500-долларӣ муқаррар шудааст.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 доир мегардад.

XS
SM
MD
LG