Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ховалинг бинои мадрасаи диниро ба мактаби мусиқӣ доданд


Бинои ягонаи мадрасаи исломӣ дар минтақаи Кӯлоб, ки шаш сол пеш баста шуда буд, аз сӯи ҳукумати ноҳияи Ховалинг ба мактаби мусиқӣ дода шудааст.

Мақомот дари мадрасаи "Хоҷа Ансорӣ"-ро баҳори соли 2013 ба далели нагузаштан аз қайди давлатӣ, баста буданд. Замони баста шудан, дар ин мадраса 100 нафар таҳсил мекард.

Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Ховалинг авоили моҳи август дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки мадрасаи "Хоҷа Ансорӣ" дар шафати масҷиди ҷомеи ноҳия қарор дошт ва соли 2015 бо қарори раиси ноҳия баста шуд ва бинои он ба тавозуни ҳукумати ноҳия гузашт ва то аввалҳои соли ҷорӣ бекор хобида буд. Ба гуфтаи Акрамзода, бинои мадраса дар ҳолати ногувор қарор дошт ва баъди таъмир дар оғози соли ҷорӣ, бо қарори ҳукумати маҳаллӣ ба мактаби мусиқӣ табдил дода шуд.

"Аз он сабаб, ки мактаби мусиқии ноҳия дар як ҳолати бисёр ҳам ногувор қарор дошт, мо ба хулосае омадем, ки ҳамон иморатро гирифта, мактаби мусиқии бачагона кунем ва соли 2019 ду ансамбл -- яке ансамбли "Шашмақом" ва дигаре "Фалак" таъсис додем. Ҳоло онҷо ҳамчун мактаби мусиқӣ фаъолият мекунад. Лекин дар оянда тибқи нақшаи генералии ноҳия, мактаби мусиқии ноҳия дар Қасри фарҳанг ҷойгир мешавад ва мо тасмим мегирем ин биноро барои чӣ истифода барем"-гуфт раиси ноҳияи Ховалинг.

Оқои Акрамзода мегӯяд, ки ин мадраса соли 2015 бо қарори раиси ноҳия баста шуд. Баҳори соли 2013 мақомоти Шӯъбаи кор бо дин дар минтақаи Кӯлоб сабаби баста шудани ин мадрасаро ба нақзи "Қонун дар бораи иттиҳодияҳои динӣ" аз сӯи масъулони он рабт дода буданд.

Масъулони ин ниҳод гуфта буданд, ки бо вуҷуди таъкидҳои пешакӣ, масъулини мадраса сари вақт аз қайди давлатӣ нагузаштанд ва мақомот тасмим гирифтанд, ки фаъолияти ин муассисаро барои мӯҳлати муайян қатъ кунанд.

Сокинони ноҳияи Ховалинг мегӯянд, ки мадрасаи исломии "Хоҷа Ансорӣ" таърихӣ буда, аз замони Шӯриши Восеъ дар авохири асри нуздаҳ, фаъолият мекард.

Аммо дар ҳукумати Ховалинг гуфтанд, ки мадраса соли 1998 ба фаъолияти расмӣ шурӯъ карда, тибқи қонун фаъолият менамуд. Аммо бо бинобар вайрон кардани қонунҳои нав, ин мадраса соли 2015 бо қарори раиси ноҳия пурра фаъолияташ қатъ карда шуд ва бинои мадраса ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ гузашт.

Мадрасаи "Хоҷа-Ансорӣ" дар минтақаи Кӯлоб то баста шуданаш ягона мадрасаи расмӣ ба шумор мерафт ва дар он аз минтақаҳои Рашт, Суғд ва Бохтар толибилмон таҳсил мекарданд. Таҳсил дар ин мадраса чаҳор солро дар бар мегирифт ва маблағи яксолаи он 600 сомонӣ буд.

Дар ҳукумати Ховалинг мегӯянд, ки ҷойгир кардани мактаби мусиқӣ дар ин бино муваққатӣ буда, баъди кӯчидан ба ҷои нав тасмим мегиранд, ки бо бинои мадраса чӣ кунанд.

Раванди бастани мадрасаҳо дар Тоҷикистон даҳ сол пеш шурӯъ шуд. Аммо ибтидо гап фақат аз он мерафт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои тундрав, шумораи мадрасаҳо кам карда шавад. Он вақт дар Тоҷикистон 19 мадраса сабти ном шуда буд.

Ҳамзамон он солҳо таълими динӣ бидуни литсензия ё иҷозатномаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам мамнӯъ шуд ва пас аз муддате барои таълими ғайриқонунии динӣ аз 5 то 12 сол зиндон муқаррар гардид.

Ҳамчунин бо амри президент Эмомалӣ Раҳмон аз беш аз 3000 наврасу ҷавоне, ки дар мадрасаҳои Покистону Афғонистону Миср ва дигар давлатҳои исломӣ таҳсил мекарданд, аксарашон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Ҳарчанд мақомот гуфтанд, ки ҳадафи онҳо на эҷоди монеа барои диндорон, балки ҷилавгирӣ аз афзоиши ифротгароӣ миёни наврасону ҷавонон аст, вале дар маҳофили динӣ гап аз ҳамлаҳои наву паёпай ба дину мазҳаб мерафт.

Шарҳҳоро бинед (62)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG