Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатариҳо - доварони бозии мунтахабҳои Тоҷикистону Қирғизистон


Нахустин бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистонро дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд.

Довари FIFA (Федератсияи байналмилалии созмонҳои футбол) Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 37-сола аз Қатар сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ба ӯ ҳамватанонаш - ёварони довари FIFA Юсуф Ориф Ал-Шаммарии 29-сола ва Заху Снайд Ал-Шаммарии 24-сола – кӯмак хоҳанд кард. Довари FIFA Аҳмад Ал-Алии 35-сола аз Кувайт ба ҳайси довари эҳтиётӣ хидмат менамояд. Кадхум Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Башир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.

Аввалин бозии мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» муқобили тими миллии Қирғизистон 5-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад. Бозии даври охирини давраи аввалро мунтахаби Тоҷикистон 14-уми ноябр дар сафар бо тими Мянмар анҷом медиҳад.

Давраи дуюми мусобиқот 19-уми ноябр шуруъ мешавад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик дар Бишкек бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Се бозии дигарро мунтахаби Тоҷикистон соли 2020 анҷом медиҳад. Дар даври ҳафтум 26-уми март мунтахаби Муғулистонро пазироӣ менамояд. Дар даври ҳаштум футболбозони тоҷик истироҳат мекунанд. Дар даври нӯҳум мунтахаби Тоҷикистон 4-уми июн меҳмони мунтахаби Ҷопон мешавад. Ва, ниҳоят, дар даври охирин футболбозони тоҷик 9-уми июн дар майдони худ бо мунтахаби Мянмар бозӣ хоҳанд кард.

Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар бораи гурӯҳи “F” чунин ибрози назар кардааст:

– Ба мо гурӯҳи хуб афтид. Мунтахаби Ҷопон хеле пурқувват аст, яке аз дастаҳои беҳтарини қора ба шумор меравад. Дастаҳои дигар низ хубанд, вале ба онҳо зӯрамон мерасад. Мо аллакай ба омухтани рақибонамон шуруъ кардем. Мекӯшем дар ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ бо тамоми қувва бозӣ карда, натиҷаи мусбат ба даст биёрем. Ба назари ман дар гурӯҳи мо рақиби суст нест. Ҳамаи дастаҳо мекӯшанд, ки вазифаи баромадан ба марҳилаи баъдии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022-ро ҳал намоянд. Бинобар ин, мо ба ин мусобиқа ҳамаҷониба омодагӣ мебинем.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ 40 даста ба 8 гурӯҳи иборат аз панҷдастаӣ тақсим шудааст. Мусобиқа дар ду давра доир мешавад. Марҳилаи дуюми интихобӣ 5-уми сентябри соли 2019 шуруъ шуда, 9-уми июни соли 2020 ба анҷом мерасад.

Ғолибони ҳашт гурӯҳ ва чаҳор дастаи натиҷаҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи сеюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ пайдо намуда, инчунин ба Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд. Дар марҳилаи сеюми қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дувоздаҳ даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз рӯи натиҷагирии он ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2022, ки дар Қатар баргузор мегардад, роҳ пайдо мекунанд.

24 дастае, ки ба даври сеюми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон роҳ намеёбанд, барои 12 роҳхати дигар ба Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022:

Гурӯҳи «А»: Чин, Сурия, Филиппин, Молдив, Гуам.

Гурӯҳи «В»: Австралия, Урдун, Тайбэйи Чин, Кувайт, Непал.

Гурӯҳи «С»: Эрон, Ироқ, Баҳрайн, Ҳонконг, Камбоҷа.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Фаластин, Яман, Сингапур.

Гурӯҳи «Е»: Бангладеш, Умон, Ҳиндустон, Афғонистон, Қатар.

Гурӯҳи «F»: Ҷопон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Мянмар, Муғулистон.

Гурӯҳи «G»: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Ветнам, Тайланд, Малайзия, Индонезия.

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Лубнон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Шри-Ланка.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»:

Даври 1-ум

5 сентябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

10 сентябр (сешанбе)

Муғулистон – Тоҷикистон

Даври 4-ум

15 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Ҷопон

Даври 5-ум

14 ноябр (панҷшанбе)

Мянмар – Тоҷикистон

Даври 6-ум

19 ноябр (сешанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 7-ум

26 марти соли 2020 (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Муғулистон

Даври 9-ум

4 июни соли 2020 (панҷшанбе)

Ҷопон – Тоҷикистон

Даври 10-ум

9 июни соли 2020 (сешанбе)

Тоҷикистон – Мянмар

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG