Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди меҳмонон дар даври ёздаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ натиҷагирӣ шуд. Аз чор бозӣ сетоаш бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт.

«Истиқлол»-и Душанбе бар «Истаравшан»-и Истаравшан, ССКА «Помир»-и Душанбе бар «Хатлон»-и Бохтар ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омаданд. Як бозӣ миёни «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Баъди натиҷагирии даври ёздаҳум дар ҷадвали мусобиқот мисли пешин “Истиқлол” пешсафи ягона аст. Қаҳрамони Тоҷикистон 31 имтиёз ба даст овардааст. “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад.

“Хуҷанд” бо 20 имтиёз зинаи дувум ва “Кӯктош” бо 18 имтиёз зинаи 3-юмро касб намудаанд. Пирӯзӣ дар даври ёздаҳум ба ССКА «Помир» имкон дод, ки зинаи охиринро тарк намояд. «Панҷшер», ки дар бозии хонагиаш ду имтиёзро аз даст дод, ба зинаи охирин –ҳаштум – фуромад.

Бозиҳои даври дувоздаҳуми лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 17-ум ва 18-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 11-ум

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Алишер Ҷалилов, 45+3.

9 август. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 14 000 тамошобин.

«Хатлон» – ССКА «Помир» – 0:1

Гол: Шервонӣ Мабатшоев, 56.

10 август. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1500 тамошобин.

«Панҷшер» – «Кӯктош» – 1:1

Голҳо: Муҳиддин Одилов, 16 (0:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 33 – аз пеналтӣ (1:1).

10 август. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 1500 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 0:1

Гол: Ҷаҳонгир Эргашев, 56 – аз пеналтӣ.

10 август. Турсунзода. «ТАЛКО-Арена». 2000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

11

10

1

0

33-7

31

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

11

6

2

3

21-10

20

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

5

3

3

15-12

18

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

11

3

4

4

14-16

13

5

«Хатлон» (Бохтар)

11

3

3

5

11-14

12

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

11

3

2

6

9-16

11

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

11

2

3

6

8-17

9

8

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

11

2

2

7

8-27

8

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 гол, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош») – 6-голӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5 гол.

Даври 12-ум

17 август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Истиқлол» – «Кӯктош»

«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»

18 август (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

ССКА «Помир» – «Хуҷанд»

«Истаравшан» – «Хатлон»

Шарҳҳоро бинед

XS
SM
MD
LG