Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдири медалҳои тилло дар бозии Тоҷикистон ва Эрон ҳал хоҳад шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки бозии севумашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод, ҳамакнун барои медалҳои тилло бо тими Эрон рақобат мекунад.

Бозии даври чоруми мусобиқот миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон шаби 13-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Ҳамадонӣ Камолов (дақиқаи 5-ум) ва Рустам Соиров (77) заданд. Ду голи мунтахаби Узбекистон ба Одилбек Абдумаҷидов (30) ва Иброҳимхалил Юлдошев (62) марбут аст.

Дар бозии дигари даври чорум мунтахаби ҷавонони Эрон бар дастаи Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Ориё Барзгар (дақиқаҳои 34-ум ва 71-ум) ба самар расонид.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот мунтахаби ҷавонони Эрон, ки нӯҳ имтиёз гирифтааст, дар ҷадвал пешсафи ягона мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон бо ҳафт имтиёз зинаи дувумро касб намудааст. Дастаҳои Узбекистону Афғонистон бо дуимтиёзӣ дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд. Мунтахаби Туркманистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум - қарор дорад.

Дар даври панҷум ва охирини мусобиқот, ки рӯзи панҷшанбеи 15-уми август доир мегардад, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе нахуст Туркманистон бо Узбекистон ва баъдан Тоҷикистон бо Эрон бозӣ хоҳанд кард.

Дар бозии охирин тақдири медалҳои тилло ҳал хоҳад шуд. Барои дар ин мусобиқот ғолиб шудан мунтахаби Тоҷикистонро танҳо пирӯзӣ қаноатманд хоҳад кард. Ва аммо ба тими Эрон натиҷаи мусовӣ кофист, ки барандаи медалҳои тилло гардад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи панҷ кишвар - Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон – ширкат доранд.

Дар доираи ин мусобиқот боз ду бозӣ доир мегардад. Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Мусобиқот аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст. Тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари ба даст овардааш маълум хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-сола яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 мебошад, ки аз 2-юм то 6-уми октябри имсол дар Душанбе барпо мегардад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-19)

Даври 1-ум

Афғонистон – Туркманистон – 2:2

Голҳо: Фаршед Воҷдӣ, 10 (1:0). Руслан Приев, 17 (1:1). Тариқ Муҳаммадӣ, 27 (2:1). Бегенчмурат Муродов, 89 (2:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 0:2

Голҳо: Муҳаммад Ҳусейн Заварӣ, 50 (0:1). Маҳдӣ Ҳошимнажод Раҳимободӣ, 75 (0:2).

9 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 120 тамошобин.

Даври 2-юм

Афғонистон – Узбекистон – 2:2

Голҳо: Беҳзод Шамсиев, 11 (0:1). Тоҳир Рафаэлов, 45 (0:2). Фаршед Воҷдӣ, 59 (1:2). Тариқ Муҳаммадӣ, 86 (2:2).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

Туркманистон – Тоҷикистон – 1:5

Голҳо: Раҳмон Муратбердиев, 16 (1:0). Ҳамадонӣ Камолов, 34 (1:1). Шаҳром Самиев, 75 (1:2). Рустам Соиров, 88 (1:3). Рустам Соиров, 90+2 (1:4). Шаҳром Самиев, 90+5 (1:5).

10 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 550 тамошобин.

Даври 3-юм

Эрон – Туркманистон – 4:0

Голҳо: Барзигар, 7 (1:0), Заварӣ, 13 (2:0), Бижанӣ, 82 (3:0), Мусавиён, 90 (4:0).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Тоҷикистон – Афғонистон – 3:1

Голҳо: Ислом Зоиров, 8 (1:0), Шаҳром Самиев, 36 (2:0), Абдулмуъмин Забиров, 68 - аз пеналтӣ (3:0), Рашид Азизӣ, 90+4 (3:1).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1200 тамошобин.

Даври 4-ум

Эрон – Афғонистон - 2:0

Голҳо: Ориё Барзгар, 34 (1:0). Ориё Барзгар, 71 (2:0).

Огоҳӣ: Аҳмад Рабӣ Навшод, Сулаймон Довуд, Самир Самандарӣ (Афғонистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Тариқ Муҳаммадӣ (Афғонистон), 62 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Аллаберген Сапаев (Туркманистон).

Комиссари бозӣ: Михаил Толкачёв (Қирғизистон).

13 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Узбекистон – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Ҳамадонӣ Камолов, 5 (0:1). Одилбек Абдумаҷидов, 30 (1:1). Иброҳимхалил Юлдошев, 62 (2:1). Рустам Соиров, 77 (2:2).

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов, Манучеҳр Сафаров, Маҳмуд Пиров, Абдулмуъмин Забиров (Шуҳрат Элмуродов, 88), Шарифбек Раҳматов (Нидоёр Забиров, 67), Озодбек Панҷиев (Шоҳрух Сангов, 64), Ҳамадонӣ Камолов, Ислом Зоиров (Рустам Соиров, 55), Шаҳром Самиев.

Огоҳӣ: Суннатуллоҳ Ҳамидҷонов, Саидазамат Мирсаидов (Узбекистон), Шаҳром Самиев, Ҳамадонӣ Камолов, Абдулмуъмин Забиров, Нидоёр Забиров (Тоҷикистон).

Аз майдон хориҷ шуд: Ҳоҷимат Эркинов (Узбекистон), 90+1 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).

Нозири доварон: Муҳсин Туркӣ (Эрон).

Комиссари бозӣ: Умед Ҷамолӣ (Эрон).

13 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 4000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвли мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

3

3

0

0

8-0

9

2

Тоҷикистон

3

2

1

0

10-4

7

3

Узбекистон

3

0

2

1

4-6

2

4

Афғонистон

4

0

2

2

5-9

2

5

Туркманистон

3

0

1

2

3-11

1

Даври 5-ум

15 август (панҷшанбе)

17:00 – Туркманистон – Узбекистон

20:00 – Тоҷикистон – Эрон

Эзоҳ: Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG