Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бахтиннисо пас аз 26 сол роҳ рафтанро ёд гирифт. ВИДЕО


Як духтари 26-солаи тоҷик, ки баъд аз муолиҷаи тӯлонӣ дар ниҳоят роҳ рафтанро ёд гирифт, бим дорад, ки қатъи муолиҷа дигарбора ӯро бистарӣ хоҳад кард. Хатари қатъ шудани муолиҷа аз он ҷост, ки хонаводаи ӯ барои то охир расондани раванд пули кофӣ надорад.

Бахтиннисо Сафарова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло андаке мустақил шудааст, ду даҳсола бе дастёр коре карда наметавонист. Ҳоло умед дорад, ки дигарбора ба по мехезад ва мактабу донишгоҳ мехонад ва ба ҷомеа хидмат мекунад.

Бахтиннисоро ҳоло барои қадам задан омода мекунанд. Ӯ, ки аз кӯдакӣ фалаҷ буд, то чанд вақт пеш аз ҷояш бархоста наметавонист. Ҳоло мустақилона қадам зада метавонад. "Пеш ҳолам бисёр бад буд, ба беморӣ одат карда будам. Шабҳо бисёр гиря мекардам, баъдан оҳиста-оҳиста хуб шудам", - мегӯяд Бахтиннисо.

Азбаски дар замони ҷанги дохилӣ ба дунё омад, волидон натавонистанд, ӯро саривақт муолиҷа кунанд. Бахтиннисо дар 5-солагӣ нишастанро ёд гирифт. Волидонаш дар ин солҳо Бахтиннисоро, ки ба бемористонҳои гуногун бурданд, то ба по хезаду роҳ равад. То ба вазирону мақомоти дигар муроҷиат карданд, ки барои муолиҷа мадад расонанд, вале бенатиҷа. Бино ба ташхиси тиббӣ чунин беморон дар ҳоли муолиҷаи сарвақтӣ метавонанд пурра сиҳат шаванд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008 табобати чунин кӯдакон ва наврасон бояд ройгон сурат гирад. Дар наздик ба 30 шаҳру ноҳияи кишвар марказҳои табобати бепули чунин беморон таъсис дода шудаанд. Аммо сармоягузорӣ ба ин марказҳо хеле маҳдуд аст.

"Ҳар вақт барои муолиҷа меравем, як говро мефӯрушам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00

Волидонаш мегӯянд, ки бисёриҳо бо назардошти камбизоатии оила ба онҳо машварат додаанд, ки муолиҷаро қатъ кунанд, аммо онҳо ба талошҳои худ идома доданд. Дар ниҳоят муолиҷаи 4-солаи Маҳмудшоҳ Кабирӣ, табиби тоҷик дар Душанбе ва дар маркази ташхису табобатии "Ифим" натиҷа дод ва ӯ дар 25-солагӣ нахустин қадамҳояшро зад.

Табиби тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати идомаи муолиҷа, мумкин аст, Бахтиннисо худаш мустақилона ва ё ҳадди ақал бо асо роҳ рафтанро ёд бигирад. Аммо волидони ӯ ҳоло имкони пардохти пули муолиҷаро надоранд.

"Ҳар вақт барои муолиҷа меравем, як говро мефӯрушем. Худатон медонед, ки модар чӣ гуна заҳмат мекашад. Заҳмати зиёд кашидам. Бо Худованд ҳама вақт гап мезанам ва илтиҷо мекунам, ки духтарам шифо ёбад",- мегӯяд модари Бахтиннисо.

Дар ҳавлӣ барои Бахтиннисо ҷои махсус омода кардаанд, то баъд аз солҳои тӯлонии беҳаракатӣ, бадану пойҳояшро ба ҳаракат одат диҳад. Худи Бахтиннисо аз ҳамтақдиронаш мехоҳад, ноумед набошанд, ба орзуяшон мерасанд.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон дар поёни соли 2018-ум 149 000 кӯдаку навраси маълул ба сар мебаранд, ки наздик ба 1200 нафари онҳо ба бемори фалаҷ мубталоянд.

XS
SM
MD
LG