Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон як кони нафти навро боз карданд


Дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон кони нафти наверо боз карданд, ки гази моеъ ва табиӣ дорад.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, мавҷуд будани нафт дар кони шаҳраки Баҳористони ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё 10 август тасдиқ шудааст. Кони навро "Баҳористон" ном гузоштаанд.

"Ин нахустин кони нафт ва гази моеи ширкати Epsilon Development Company дар блоки сармоягузории Муборак аст",-омадааст дар хабарҳо.

XS
SM
MD
LG