Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои мунтахаби Афғонистон дар Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе мегузаранд


Федеросиюни футболи Афғонистон Тоҷикистонро мизбони бозиҳои тими миллӣ ҷиҳати баргузории бозиҳои марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 интихоб кардааст.

Федеросиюни футболи Тоҷикистон мизбонии рақобатҳои тими миллии Афғонистонро дар марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023 пазируфтааст.

Мунтахаби Афғонистон ба далели мушкилоти амниятӣ дар Кобул бозиҳои хонагиашро барои бори дувум аст, ки дар хоки Тоҷикистон баргузор хоҳад кард.

Тими миллии Афғонистон бар асоси қуръакашии марҳилаи муқаддамотии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми миллатҳои Осиё-2023, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол доир мегардад, дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Бангладеш, Умон, Ҳиндустон ва Қатар рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки 7-уми июни имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Ҳарду гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Умрон Ҳайдарӣ, бозигари мунтахаби Афғонистон, боз кард. Голи ҷавобиро Шаҳром Самиев дар дақиқаҳои охири бозӣ ба самар расонид.

Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Усмон Тошеви 53-солаи узбекистонӣ ва тими миллии Афғонистон бо сарварии сармураббӣ Анӯш Дастгири 29-сола, ки дар Ҳолланд ба сар мебарад, ба майдон омаданд. Дар ҳайати ҳарду даста бозигарони ҷадид бисёр буданд. 95 дар сади бозигарони мунтахаби Афғонистон дар бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозӣ мекунанд.

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҳарду даста як давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 маҳсуб мешуд, ки моҳи сентябри имсол оғоз меёбад.

Зимнан, тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон ҳамагӣ ҳафт бор бо ҳам рақобат кардаанд. Дар шаш бозӣ футболбозони тоҷик ғолиб омадаанд ва як дидор бо натиҷаи мусовӣ ба поён расидааст.

Дар ҳамин ҳол Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсиони байналмилалии футбол) дар байни 211 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар ҷойгоҳи 119-ум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи 149-ум қарор доранд.

XS
SM
MD
LG