Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳавз надорем, кӯдакон дар дарё ғарқ мешаванд"


Як сокини ноҳияи Кушониён чиҳил рӯз боз ҷасади писарашро мекобад, ки ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

Бердимуҳаммад Холов мегӯяд, дар деҳаи Заргар, ки хонаводааш дар онҷо зиндагӣ мекунанд, ҳавзи шиноварӣ нест ва ҷавонон дар гармӣ барои оббозӣ ночор ба дарё ва ҳатто "минтақаҳои мамнӯъ" мераванд.

"Писари бистсолаам Шаҳбоз барои оббозӣ рафта буд, вале дигар барнагашт. Ҳамроҳи маъмурони наҷот ҷасадашро мекобем. То ҳол пайдо накардем",- гуфт Холов рӯзи 5-уми август ба Радиои Озодӣ.

Тайи як моҳи ахир дар Тоҷикистон гармии сахте ҳукмфармост. Бисёриҳо онро тоқатфарсо мегӯянд. Дар ин мавсим оилаҳое, ки фарзандонашро дар лаби рӯду дарёҳо ва ҳангоми оббозӣ аз даст додаанд, бештар мешавад.

Зафар Раҳмонов, сокини дигари вилояти Хатлон мегӯяд, писарашро моҳи июли имсол ҳангоми оббозӣ дар дарё аз даст додааст. Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон, гуфт, "ҷавонон асосан аз бетаҷрибагӣ ва беназоратии волидон ба ин ҳол афтодаанд".

Вай ҳамчунин набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар вилояти Хатлонро як сабаби ба лаби дарё рафтану ғарқ шудани ҷавонон ном бурд. "Бештар дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кушониёну Вахш ҷавонон ғарқ мешаванд, чун аз ҳудуди ин минтақаҳо дарёи Вахш мегузарад. Ҷавонон ҳам зуд худро то онҷо мерасонанд",-афзуд ӯ.

Вале сокинон мегӯянд, дар минтақаҳои мамнӯъ барои оббозӣ дар дарёҳо ҳеҷ лавҳа ё нишонае гузошта нашудааст ва ҷавонон "қурбонӣ"-и чунин вазъият шудаанд. Файзулло Ҳусейнов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулодда дар Норак гуфт, "дар ҷойҳои хатарнок навишта шудааст, ки оббозӣ накунед. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳам мебарем. Вале одамон аҳамият намедиҳанд. Касоне, ки шиновариро хуб медонанд, аз вазъияти ногувор зуд берун меоянд. Касе шиновариро намедонад, ғарқ мешавад".

Ба иттилои расмӣ, дар ду моҳи тобистони имсол дар рӯдҳои минтақа даҳ нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Идораи варзиш ва ҷавонони Хатлон, гармтарин ва бузургтарин минтақаи Тоҷикистон, гуфт, дар вилоят 23 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки барои ҳамаи сокинон кофӣ нест. Интизор меравад, 14 ҳавзи нави шиноварӣ барои сокинон ба истифода дода шавад, вале маълум нест, кай ин ваъда иҷро хоҳад шуд.

Коршиносон дар Хатлон мегӯянд, асосан камбуди ҳавзҳои шиноварӣ ва ҳавои гарм ҳар сол боис ба марги ҷавонону наврасон мешавад. Сӯҳроби Сафариён мегӯяд, бояд раисони шаҳру ноҳияҳо сохтмони ҳавзҳои шиновариро дар авлавияти барномаҳои кории худ қарор диҳанд.

Дар ду соли ахир дар Хатлон 22 нафар дар дарёҳо ғарқ шудаанд. Ин рақам дар тамоми Тоҷикистон ба маротиб зиёдтар аст, ҳарчанд мақомот мегӯянд, баъзе аз онҳоро аз марг наҷот додаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

XS
SM
MD
LG