Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов дар Доғистон медали нуқра гирифт


Баҳодур Усмонов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи XXI байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммадсалом Умахонов, ки дар шаҳри Каспийски Доғистон баргузор шуд, бо медали нуқра сарфароз гашт.

Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди чаҳор пирӯзӣ бар Қурбон Қурбонмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков (ҳарсе аз Доғистон) ва Акрам Ҳаҷ Аовива (Тунис) ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар финал аз Гусейн Магамедови доғистонӣ мағлуб гашт ва дар натиҷа мақоми дувумро касб намуда, бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 150 варзишгар аз 21 кишвар ширкат дошт. Вале панҷ муштзани дигари тоҷик – Шермуҳаммад Рустамов (49 кг), Бахтовар Сагизов (56 кг), Наврӯз Ҷафоев (75 кг), Далерҷон Сулаймонов (91 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) - дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонови 21-сола дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ҳамчунин ӯ соли равон дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкеки Қирғизистон ва Отирави Қазоқистон медалҳои тилло ва дар Ҷоми президенти Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Мақсади аслии ин муштзани ҷавони тоҷик дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токиои Ҷопон мебошад.

XS
SM
MD
LG