Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2019: Натоиҷи бозиҳои аввали ҳаштякниҳоӣ


Ҳафт бозии аввали ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2019 оид ба футбол рӯзҳои 30-31-уми июл баргузор шуданд. Дар се бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб шуданд, се бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт.

«Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ ба дарвозаи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ҳафт голи беҷавоб зад. «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи меҳмон - «Исфара»-и шаҳри Исфара - бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ бар «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозӣ миёни ду дастаи шаҳри душанбе - «Душанбе-83» ва ССКА «Помир» - бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бозиро дар майдони худ бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бозиро дар меҳмонӣ бо «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расонд.

Боз як бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Барқчӣ»-и Ҳисор рӯзи ҷумъаи 2-юми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 3-юм, 4-ум ва 5-уми август доир мегарданд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019

1/8 финал. Бозиҳои аввал

30 июл (сешанбе)

«Саройкамар» (Панҷ) – «Хатлон» (Бохтар) – 0:1

Гол: Умарҷон Шарипов, 90+2.

30 июл. Панҷ. Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобин.

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ваҳдат» (Ваҳдат) – 7:0

Голҳо: Турсуналӣ Рустамов, 20 (1:0). Турсуналӣ Рустамов, 42 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 61 (3:0). Юрий Захаркив, 63 (4:0). Дилшод Бозоров, 77 (5:0). Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 83 (6:0). Дилшод Бозоров, 90 (7:0).

30 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 3500 тамошобин.

«Душанбе-83» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1

Голҳо: Комрони Мирзохон, 22 (0:1). Мисиам Иносент, 51 (1:1).

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 500 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 0:0

31 июл. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошобин.

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Исфара» (Исфара) – 4:2

Голҳо: Иброҳим Эшонхонов, 64 (1:0). Хусрав Бобоев, 72 (2:0). Ҳадис Қодиров, 73 (2:1). Иброҳим Эшонхонов, 80 (3:1). Фирдавс Мӯсоев, 90+2 – аз пеналтӣ (3:2). Хусрав Бобоев, 90+3 (4:2).

31 июл. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 500 тамошобин.

«Истаравшан» (Истаравшан) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 1:0

Гол: Фирӯз Қараев, 6.

31 июл. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 4000 тамошобин.

«Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 1:1

Голҳо: Хушвахт Миров, 14 (1:0). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 70 (1:1).

31 июл. Ҷайҳун. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.

2 август (ҷумъа)

Оғози бозӣ - соати 17:30

«Истиқлол» (Душанбе) – «Барқчӣ» (Ҳисор)

1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

3 август (шанбе)

«Хатлон» (Бохтар) – «Саройкамар» (Панҷ)

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)

ССКА «Помир» (Душанбе) – «Душанбе-83» (Душанбе)

4 август (якшанбе)

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Регар ТадАЗ» (Турсунзода)

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Истаравшан» (Истаравшан)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун)

5 август (душанбе)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Истиқлол» (Душанбе)

Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2018 тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бори ҳафтум ғолиби ин мусобиқот гардид.

XS
SM
MD
LG