Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ 70-ум аст


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон мавқеашро дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ, ки 1-уми август дар сомонаи futsalworldranking.be нашр шудааст, нигаҳ дошт ва дар байни 110 кишвар бо 845 имтиёз дар ҷойгоҳи 70-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави ҷаҳонӣ мунтахаби футзали Бразилия бо 1876 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Испания бо 1763 имтиёз дар зинаи дувум ва Эрон бо 1663 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Русия (1661 имтиёз), Аргентина (1654 имтиёз), Португалия (1652 имтиёз), Қазоқистон (1540 имтиёз), Италия (1525 имтиёз), Украина (1489 имтиёз) ва Парагвай (1481 имтиёз) дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии футзали Осиё мақоми 17-умро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1663 имтиёз дар зинаи 3-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 14-ум, 1388 имтиёз) ва Узбекистон севум (дар ҷаҳон 28-ум, 1187 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии ҷаҳонӣ Русия (4-ум, 1661 имтиёз), Украина (25-ум, 1513 имтиёз) ва Беларус (81-ум, 1286 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Туркманистон (73-юм), Арманистон (79-ум), Литва (88-ум) ва Эстония (103-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон, (7-ум), Узбекистон (28-ум) ва Қирғизистон (42-юм) ҷойгир шудааст.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки рӯзи 25-уми июл дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - шаҳри Кула-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “А” бо тимҳои миллии Узбекистон, Афғонистон ва Непал рақобат мекунад.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои миллии футзали Эрон, Қирғизистон ва Туркманистон дохиланд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқот, ки соли 2020 дар Туркманистон баргузор мешавад, роҳ пайдо мекунанд. Мунтахаби Туркманистон ба ҳайси мизбони мусобиқот аллакай ба қатори 16 дастаи беҳтарин дохил шудааст.

Ба ин тартиб, аз гурӯҳи "B" ҳамаи дастаҳо, сарфи назар аз натиҷаҳое, ки ба даст меоранд, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи интихобӣ дар минтақаҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ аз 16-ум то 27-уми октябр дар Эрон доир мегардад.

Шарҳҳоро бинед

XS
SM
MD
LG