Дар рӯзи аввали мусобиқот Шодмон Ризоев дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило баъди се пирӯзӣ бар рақибонаш аз Непал, Ҳонконг ва Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Ӯ дар нимфинал бар Ҳаким Оғомамедови туркман ғолиб омада, ба финал баромад. Вале Шодмон қувваозмоии ниҳоиро ба Томойа Вакасаи ҷопонӣ бохт ва барои мақоми дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Медали дувуми нуқраро Шарифҷон Назриев дар рӯзи дувуми рақобатҳо ба мунтахаби Тоҷикистон овард. Ӯ дар вазни зери 100 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ карда, пас аз пирӯзӣ бар Оразбек Алмазбеков аз Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Дар нимфинал бар Бекарис Садуакас аз Қазоқистон ғолиб омад. Вале Шарифҷон қувваозмоии ниҳоиро ба Алӣ Парҳезгар аз Эрон бохт ва ҷойи дувумро азони худ кард.
Ду паҳлавони тоҷик - Меҳрзод Суфиев дар вазни зери 60 кило ва Оламафрӯз Абдураҳмонов дар вазни зери 81 кило - ҷойҳои панҷумро гирифтанд.
Вале панҷ гуштигири дигари тоҷик – Ҷамолиддин Абдуллоев (-66 кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (-73 кг), Эмомризо Анварзода (-90 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (-100 кг) миёни писарон, инчунин Шоҳида Қаландарова (-57 кг) миёни духтарон дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF) дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон 170 варзишгар (100 писар ва 70 духтар) аз 21 кишвар ширкат дошт.
Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 10 медал (6 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 10 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор гирифт. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 13 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) ҷойи севумро азони худ кард. Дастаи Тоҷикистон бо касби ду медали нуқра ҷойи ҳаштумро ишғол намуд.
Хукумат агар дар дасти як кас е як оила бошад кор хамин хел мешавад. Сархадбонро гирифта раиси бадахшон гузоштанд, холо хам дар сархад ноороми хам дар Бадахшон. Анна сиесати кадерии хукумат
Амрико бояд шахсоне, ки озодии матбуотро махдуд мекунанд ва хабарнигоронро хадафи хамла карор медиханд бояд тарним кунад. Тахти тарним бояд президент ва оилааш, тими ятимов ва рахимовро карор гирад. The US government need to take sanctions against those who limits the freedom of independent media a and puts the life of the journalists under threat . The list is including the present Rahmon and his family and also the team of Yatimov and Rahimov
силсилаи ҳаводис дар Бадахшон гувоҳи сатҳи пасти донишу касбияти кадрҳои Ҳукумати маркази мебошад, дигар сабабаш таъмин набудани адолату қонуният ва зиёдаравии сохторҳои қудрастӣ аст.
Дар Точикистон имруз хукумат тахти як хоноводаи бесавод амал карда истодааст. Ин хукумат дурбин нест чун стратегияи хукумрониро умуман намефахмад. Хатто сарфам намеравад ки газаб зарра бо зарра дар калби одамон чамъ шуда рузе меояд ин газаб аз чор тараф баромада чомеъа метаркад хама чизро зери пои худ пора пора мекунад. Окибат ба назар сахт ташвишовар мерасад.
Нав фахмиди, ки авлод бо бизнесхояш аз давлату миллат болотаранд?