Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи беҷавоби мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба дарвозаи Эрон


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Эронро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин севумин ғалабаи футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Бозии даври чоруми мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва Эрон 30-юми июл дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Ду голро Кабир Салимшоев ба самар расонид. Як голи дигарро Суннатулло Азизов зад.

Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дастаҳои Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 ва Туркманистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода буданд.

Дар ду бозии дигари даври чоруми мусобиқот тими Узбекистон бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ва мунтахаби Туркманистон бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии чор даври мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо даҳ имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст. Дастаҳои Узбекистон ва Афғонистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.

Дастаи Эрон бо шаш имтиёз ҷойи чаҳорум ва мунтахаби Туркманистон бо се имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардаанд. Мунтахаби Қирғизистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шудааст.

Дар даври охирин - панҷуми мусобиқот - рӯзи панҷшанбеи 1-уми август Тоҷикистон бо Афғонистон рақобат мекунад. Футболбозони навраси тоҷикро барои гирифтани медалҳои тилло дар ин бозӣ натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад.

Дар ду бозии дигари даври панҷум Қирғизистон бо Эрон ва Узбекистон бо Туркманистон рӯбарӯ мешаванд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "чемпионати CAFA барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад".

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 278 тамошобин.

Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷҷод Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Ботир Саҳедов, 60 (1:1). Ёдгор Рустамӣ, 66 – аз пеналтӣ (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

26 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Афғонистон – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқосимов, 17 (0:1). Нурсеит Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикриё, 51 (2:2).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 177 тамошобин.

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон – 2:0

Голҳо: Муҷовид Шовайсуддинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналтӣ (2:0).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 123 тамошобин.

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 22.

27 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 37 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Халид Руҳонӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналтӣ (1:1). Саҷҷод Ходимӣ, 54 (1:2).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 117 тамошобин.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Суннатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0).

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 172 тамошобин.

Қирғизистон – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналтӣ (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек уулу Атай, 41 (1:3). Ирискелдӣ Тинибеков, 46 (2:3).

29 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 70 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 0:1

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 66.

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 185 тамошобин.

Даври 4-ум

Эрон – Тоҷикистон– 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Суннатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Раҳматшо Раҳматзода, Меҳрубони Абдурауф (Нурсултон Норбойзода, 70+3), Аббос Андалебов (Меҳрубон Каримов, 70), Абдулфаттоҳи Худойдодзода (Суннатулло Азизов, 52), Муҳаммадворис Саидалиев, Кабир Салимшоев (Муҷовид Шовайсуддинов, 49), Хусрав Тоиров, Алиҷони Айнӣ, Ҳукмиддин Шомуродов (Фахриддин Аҳтамов, 62), Шаҳриёри Иноятулло (Шаҳриёр Норов, 66).

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 743 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоаев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

30 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 57 тамошобин.

Туркманистон – Қирғизистон – 1:0

Гол: Муҳаммадалӣ Кишиков, 55.

30 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 50 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

4

3

1

0

9-1

10

2

Узбекистон

4

2

1

1

8-5

7

3

Афғонистон

4

2

1

1

4-5

7

4

Эрон

4

2

0

2

5-6

6

5

Туркманистон

4

1

0

3

2-7

3

6

Қирғизистон

4

0

1

3

4-8

1

Даври 5-ум

1 август (панҷшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Узбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG