Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA пешсаф шуд


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон дар бозии севумаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими наврасони Туркманистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин дувумин ғалаби футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқот ба шумор меравад.

Бозии даври севуми мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва Туркманистон 29-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд. Голҳоро Сунатулло Азизов (дақиқаи 59-ум), Муҳаммадворис Саидалиев (дақиқаи 67-ум) ва Хусрав Тоиров (дақиқаи 70+4) ба самар расониданд.

Аз ин пеш футболбозони навраси тоsик бозиро бо ҳамсолонашон аз Узбекистон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буданд. Дар ду бозии дигари даври севуми мусобиқот тими Узбекистон бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 3:2 ва мунтахаби Афғонистон бар тими Эрон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се даври мусобиқот дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, дар ҷадвал мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб намудаанд. Тими Эрон бо шаш имтиёз дар мақоми севум қарор дорад.

Дастаи Узбекистон бо чор имтиёз ҷойи чаҳорум, мунтахаби Қирғизистон бо як имтиёз ҷойи панҷумро ишғол кардаанд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – шашум – ҷойгир шудааст.

Дар даври чаҳоруми мусобиқот имрӯз, 30-уми июл, Тоҷикистон бо Эрон, Афғонистон бо Узбекистон ва Туркманистон бо Қирғизистон рақобат мекунанд.

Дар мусобиқоти мазкур, ки то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, дастаҳои мунтахаби зери 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Бозиҳо аз як давра иборат аст. Ҳар як даста дар муддати як ҳафта панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи шумораи умумии имтиёзҳо маълум мегардад.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "чемпионати CAFA барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад".

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон 1:1

Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 278 тамошобин.

Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷҷод Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Ботир Саҳедов, 60 (1:1). Ёдгор Рустамӣ, 66 – аз пеналтӣ (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

26 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Афғонистон Қирғизистон 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқосимов, 17 (0:1). Нурсеит Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикриё, 51 (2:2).

26 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 177 тамошобин.

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Қирғизистон 2:0

Голҳо: Муҷовид Шовайсуддинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналтӣ (2:0).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 123 тамошобин.

Афғонистон Туркманистон 1:0

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 22.

27 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 37 тамошобин.

Узбекистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Халид Руҳонӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналтӣ (1:1). Саҷҷод Ходимӣ, 54 (1:2).

27 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 117 тамошобин.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Суннатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0).

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 172 тамошобин.

Қирғизистон – Узбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналтӣ (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек уулу Атай, 41 (1:3). Ирискелдӣ Тинибеков, 46 (2:3).

29 июл. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 70 тамошобин.

Эрон – Афғонистон – 0:1

Гол: Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 66.

29 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 185 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

3

2

1

0

6-1

7

2

Афғонистон

3

2

1

0

4-2

7

3

Эрон

3

2

0

1

5-3

6

4

Узбекистон

3

1

1

1

5-5

4

5

Қирғизистон

3

0

1

2

4-7

1

6

Туркманистон

3

0

0

3

1-7

0

Даври 4-ум

30 июл (сешанбе)

18:00 – Эрон – Тоҷикистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

18:00 – Афғонистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Туркманистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

1 август (панҷшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Узбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG