Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як гол заданд, якто хӯрданд. Мусовии Тоҷикистон дар бозии CAFA


Дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими наврасони Узбекистон (U-16) бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.

Бозии даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии CAFA миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон ва Узбекистон шаби ҷумъаи 26-уми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Ҳисобро дар нимаи аввали дидор бозигари мунтахаби Узбекистон Рустам Турдимуродов боз кард. Голи ҷавобиро Алиҷони Айнӣ дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонид.

Дар даври аввали мусобиқот 26-уми июл боз ду бозии дигар доир гардид. Тими Эрон бар мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Бозӣ миёни дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон бо ҳисоби 2: 2 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, мунтахаби Эрон бо се имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар мақоми аввал қарор дорад. Дастаҳои Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон якимтиёзӣ гирифтаанд. Мунтахаби Туркманистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дар даври дувуми мусобиқот имрӯз, 27-уми июл, Тоҷикистон бо Қирғизистон, Афғонистон бо Туркманистон ва Узбекистон бо Эрон рақобат мекунанд.

Дар мусобиқоти мазкур, ки аз 26-уми июл то 1-уми август дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор доир мегардад, дастаҳои мунтахаби зери 16-солаи Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Бозиҳо аз як давра иборат аст. Ҳар як даста дар муддати як ҳафта панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Даҳ бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва даҳ бозии дигар дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегарданд.

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “чемпионати CAFA, барои мо яке аз марҳилаҳои муҳимтарини омодагӣ ба даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Кӯшиш мекунем дар ҳар як бозӣ мухлисонамонро хурсанд намоем.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 14-ум то 22-юми сентябри имсол дар Урдун баргузор мешавад, дар гурӯҳи «А» бо тимҳои Урдун, Непал, Шри-Ланка ва Кувайт рақобат мекунад.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-16)

Даври 1-ум

26 июл (ҷумъа)

Туркманистон – Эрон – 1:3. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Афғонистон – Қирғизистон – 2:2. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Узбекистон – Тоҷикистон -1:1. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Душанбе, Центральный стадион

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

1

1

0

0

3-1

3

2

Афғонистон

1

0

1

0

2-2

1

3

Қирғизистон

1

0

1

0

2-2

1

4

Тоҷикистон

1

0

1

0

1-1

1

5

Узбекистон

1

0

1

0

1-1

1

6

Туркманистон

1

0

0

1

1-3

0

Даври 2-юм

27 июл (шанбе)

18:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Афғонистон – Туркманистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Узбекистон – Эрон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 3-юм

29 июл (душанбе)

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Тоҷикистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Эрон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 4-ум

30 июл (сешанбе)

18:00 – Эрон – Тоҷикистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Афғонистон – Узбекистон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Туркманистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 5-ум

1 август (панҷшанбе)

18:00 – Қирғизистон – Эрон. Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Узбекистон – Туркманистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

20:30 – Тоҷикистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG