Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар раддабандии FIFA як зина боло шуд


Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федеросиюни байналмилалии футбол, ки 25-уми июл дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, як зина боло шуд ва дар байни 211 кишвар бо 1152 имтиёз дар ҷойгоҳи 119-ум қарор гирифтааст.

Дар феҳристи нави FIFA Белгия бо 1746 имтиёз ҷойи аввалро касб намудааст. Бразилия бо 1726 имтиёз дар зинаи дувум ва Фаронса бо 1718 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Ба даҳгонаи аввал, инчунин Англия – 1652 имтиёз, Уругвай – 1637 имтиёз, Португалия – 1631 имтиёз, Хорватия – 1625 имтиёз, Колумбия – 1622 имтиёз, Испания – 1617 имтиёз ва Аргентина – 110 имтиёз дохиланд.

Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё, ки ба AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё) шомиланд, мақоми 22-юмро соҳиб шудааст. Дар Осиё Эрон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон бо 1518 имтиёз дар зинаи 23-юм) қарор дорад. Ҷопон дувум (дар ҷаҳон 33-юм, 1481 имтиёз) ва Кореяи Ҷанубӣ севум (дар ҷаҳон 37-ум, 1467 имтиёз) мебошанд.

Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (25-ум, 1513 имтиёз), Русия (46-ум, 1436 имтиёз) ва Беларус (81-ум, 1286 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ аз Литва (130-юм), Туркманистон (132-юм), Латвия (134-ум) ва Молдова (152-юм) пеш аст, вале дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Узбекистон (84-ум), Қирғизистон (95-ум) ва Қазоқистон (112-ум) ҷойгир шудааст.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар раддабандии FIFA ҷойи 106-ум дар соли 2013 ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Рейтинги навбатии FIFA моҳи августи соли 2019 нашр мешавад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023, ки рӯзи 17-уми июл дар қароргоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) - шаҳри Кула-Лумпури Малайзия - доир гардид, дар гурӯҳи “F” бо тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон рақобат мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон аввалин бозиашро 5-уми сентябр дар Душанбе бо тими миллии Қирғизистон баргузор менамояд. Футболбозони тоҷик дар даври дуюм 10-уми сентябр дар меҳмонӣ муқобили мунтахаби Муғулистон бозӣ хоҳанд кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюм озод аст. Дар даври чаҳорум 15-уми октябр дар майдони худ бо мунтахаби Ҷопон рӯбарӯ мешавад. Бозии даври охирини давраи аввалро мунтахаби Тоҷикистон 14-уми ноябр дар сафар бо тими Мянмар анҷом медиҳад.

Давраи дуюми мусобиқот 19-уми ноябр шуруъ мешавад. Дар ин рӯз футболбозони тоҷик дар Бишкек бо мунтахаби Қирғизистон рақобат хоҳанд кард.

Се бозии дигарро мунтахаби Тоҷикистон соли 2020 анҷом медиҳад. Дар даври ҳафтум 26-уми март мунтахаби Муғулистонро пазироӣ менамояд. Дар даври ҳаштум футболбозони тоҷик истироҳат мекунанд. Дар даври нӯҳум мунтахаби Тоҷикистон 4-уми июн меҳмони мунтахаби Ҷопон мешавад. Ва, ниҳоят, дар даври охирин футболбозони тоҷик 9-уми июн дар майдони худ бо мунтахаби Мянмар бозӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG