Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати шаш паҳлавони тоҷик дар Гран-прии ҷудо дар Загреби Хорватия


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии ҷудо (“Zagreb Grand Prix 2019”), ки имрӯз, 26-уми июл, дар шаҳри Загреби Хорватия шуруъ шуда, се рӯз идома хоҳад кард, ширкат меварзанд.

Ба иттилои вебсайти Федеросиюни байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии ҷудо дар Загреб ширкати бештар аз 550 варзишгар (мардону занон) аз 87 кишвар дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ шаш варзишгар –Хайёмиддин Ҷабборов (вазни зери 66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни зери 73 кг), Акмал Муродов (вазни зери 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (вазни зери 90 кг) ва Темур Раҳимов (вазни беш аз 100 кг) – дар сабқати мардон намояндагӣ мекунанд.

Рӯзи аввали мусобиқа - 26-уми июл - занон дар се вазн – 48 кг, 52 кг ва 57 кг – ва мардон дар ду вазн – 60 кг ва 66 кг – вориди рақобат мешаванд. Рӯзи шанбеи 27-уми июл барандагони медалҳо дар чор вазн: 63 кг ва 70 кг миёни занон ва 73 кг ва 81 кг – байни мардон маълум хоҳанд шуд. Мусобиқа рӯзи якшанбеи 28-уми июл бо қувваозмоиҳо дар ду вазн – 78 кг ва беш аз 78 кг – миёни занон, инчунин дар се вазн – 90 кг, 100 кг ва беш аз 100 кг – байни мардон ба анҷом мерасад.

Барномаи мусобиқа

Рӯзи якумумъа, 26-уми июл):

  • Занон то 48 кг, то 52 кг ва то 57кг;
  • Мардон то 60 кг ва то 66 кг.

Рӯзи дувум (шанбе, 27-уми июл):

  • Занон то 63 кг ва то 70 кг;
  • Мардон то 81 кг ва то 90 кг.

Рӯзи севум (якшанбе, 28-уми июл):

  • Занон то 78 кг ва беш аз 78 кг;
  • Мардон то 90 кг, то 100 кг ва беш аз 100 кг.

Хайёмиддин Ҷабборов имрӯз, 26-уми июл, дар даври аввал бо Диого Сезар аз Гвинея-Биссау рақобат мекунад. Рӯзи шанбеи 27-уми июл се варзишгари дигари тоҷик ба сабқат мепардозанд. Дар даври аввал Беҳрӯзи Хоҷазода бо Лукас Рейта аз Австрия, Сомон Маҳмадбеков бо Арата Татсукава аз Ҷопон ва Акмал Муродов бо Алфонсо Урқуиза Солана аз Испания қувваозмоӣ мекунанд.

Дар рӯзи севуми мусобиқа – 28-уми июл – боз ду паҳлавони маъруфи тоҷик вориди рақобат мешавад. Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Санширо Мурао (Ҷопон)/Қуедҷау Нҳабали (Украина) рақобат мекунад. Темур Раҳимов низ ба сабқат аз даври дувум шуруъ менамояд. Рақибаш Ҷур Спиҷкерс аз Нидерланд мебошад.

Ғолибон ва онҳое, ки дар ҳар як вазн мақомҳои дувуму севумро азони худ мекунанд, ба ҷуз аз медалу имтиёзҳои олимпӣ бо ҷоизаҳои молӣ мукофотонида мешаванд: барои ҷойи аввал 3000 доллари ИМА , барои ҷойи дувум 2000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1000-долларӣ.

Ёдовар мешавем, дар Гран-прии ҷудо дар Загреб, ки моҳи июли соли гузашта баргузор шуд, се варзишгари тоҷик - Акмал Муродов, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни зери 81 кг) ва Комроншоҳи Устопириён (вазни зери 90 кг) - ширкат карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда буданд.

XS
SM
MD
LG