Ба иттилои ин манбаъ, бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 29-уми июл дар шаҳри Тоиф баргузор мешаванд.
Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Зайниддин Раҳимов ба ҳайати даста 23 бозигарро дохил намудааст: 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар. Асоси дастаро бозигарони мунтахаби наврасони зери 17-солаи Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки тирамоҳи имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 дар Бразилия ширкат меварзанд.
Бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ барои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 2-юм то 6-уми октябр дар Душанбе доир мегардад. Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тимҳои Сурия, Лубнон ва Молдив мебошанд.
Аз рӯи натиҷагирии даври интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи нишондодҳояш беҳтари ҷойҳои дувум дар гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2020 роҳ пайдо мекунанд.
Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳо муқобили мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Ҳамадонӣ Камолов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарсе аз «Локомотив-Памир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).