Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" баъди пирӯзӣ бар "Панҷшер" аз рақибонаш хеле пеш рафт


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии мавқуфмондаи даври даҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ шоми чоршанбеи 24-уми июл дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Ҳамлагари ҷавони “Истиқлол” Шериддин Бобоев дар дақиқаи 2-юми дидор ҳисобро боз кард. Зимнан, ин голи ҳафтуми Шериддин дар мусобиқоти лигаи олӣ ба шумор меравад ва ӯ дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷойи аввал мебошад.

Голи дувуми “Истиқлол” дар бозӣ муқобили “Панҷшер” дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, зада шуд. Тӯбро бозигари меҳмонон Маҳмараҷаб Ҷобиров ба дарвозаи дастааш зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот тими «Истиқлол», ки дар даҳ бозӣ 28 имтиёз гирифтааст, ҷойи аввалро касб намудааст. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Истиқлол”, ки аз рақибони аслиаш 11 имтиёз зиёд гирифтааст, имсол ҳам барои унвони қаҳрамонӣ шонси хубтар дорад.

Дастаҳои «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки 17-имтиёзӣ гирифтаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро ишғол намудаанд.

Бозиҳои даври 11-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон пас аз танаффус рӯзҳои 10-ум ва 11-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷкистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 10-ум

«Истиқлол» – «Панҷшер» – 2:0

Голҳо: Шериддин Бобоев, 2 (1:0). Маҳмараҷаб Ҷобиров, 50 – ба дарвозаи худ (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев (Алексей Ларин, 66), Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Алишер Ҷалилов, Комрон Турсунов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев, Шаҳром Сулаймонов.

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Куайе Годсон, Маҳмараҷаб Ҷобиров, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, Шавкат Худойназаров (Аҳлиддин Ёров, 87), Ҳасан Холов, Маҳмуд Ғаюров (Аюб Ҳакимов, 76), Хайриддин Турахонов (Қурбонҳусейн Ёрҳусейнов, 86), Хуршед Абдуллоев, Шарифҷон Қодиров, Сулаймон Собиров, Ҷӯрабек Юсупов.

Огоҳӣ: Аюб Ҳакимов, Абдулатиф Тоҷиаҳмадов («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини дидор: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).

24 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

9

1

0

32-7

28

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

5

2

3

20-10

17

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

10

5

2

3

14-11

17

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

3

4

3

14-15

13

5

«Хатлон» (Бохтар)

10

3

3

4

11-13

12

6

«Истаравшан» (Истаравшан)

10

3

2

5

9-15

11

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

10

2

1

7

7-26

7

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

1

3

6

7-17

6

Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 тӯб, Дилшод Восиев, Турсуналӣ Рустамов (ҳарду аз «Хуҷанд») – 6-тӯбӣ, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳиддин Одилов («Кӯктош») – 5-тӯбӣ.

Даври 11-ум

10 август (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Хатлон» – ССКА «Помир»

«Панҷшер» – «Кӯктош»

11 август (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:00

«Истаравшан» – «Истиқлол»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

XS
SM
MD
LG