Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти варзишгарони тоҷик аз Тошканд бе медали қаҳрамонии Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ WKF, ки рӯзҳои 19-21-ум июл дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, бе медал монданд.

Дар ин мусобиқаи литсензионӣ, ки дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио тағйирот ворид намуд, 377 варзишгар аз 31 кишвар ширкат дошт.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё 18 варзишгар дохил буд. Вале онҳо натавонистанд, ки медал ба даст биёранд. Натиҷаҳои хубтари намояндагони Тоҷикистон ҷойҳои ҳафтуми Нигина Давлатова дар навъи кумитэ дар вазни зери 50 кило ва Муаззама Баҳромзода дар вазни беш аз 68 кило миёни занон мебошад.

Дар сабқати мардон дар ин навъи рақобатҳо (кумитэ) Ҷавоҳир Ҳайдаров дар вазни зери 84 кило мақоми нӯҳумро касб намуд. Инчунин дастаи Тоҷикистон дар навъи ката миёни мардон ҷойи 11-умро ишғол кард.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Эрон бо касби 11 медал (5 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кард. Мақоми севум бо касби 7 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) насиби мунтахаби Узбекистон гардид.

Умуман, ҳамагӣ варзишгарони 18 кишвар бо медалҳо сарфароз гаштанд. Аз он ҷумла варзишгарони 6 кишвар – Ҷопон, Эрон, Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон ва Чин – ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2019 – ҳисоби медалҳо

Ҷой

Кишвар

Тилло

Нуқра

Биринҷӣ

ҲАМАГӢ

1

Ҷопон

JPN

6

3

4

13

2

Эрон

IRI

5

2

4

11

3

Узбекистон

UZB

3

1

3

7

4

Арабистони Саудӣ

KSA

1

3

0

4

5

Қазоқистон

KAZ

1

2

0

3

6

Чин

CHN

1

0

3

4

7

Индонезия

INA

0

2

1

3

8

Урдун

JOR

0

1

2

3

9

Малайзия

MAS

0

1

1

2

Қирғизистон

KGZ

0

1

1

2

Ҳонконг

HKG

0

1

1

2

12

Кувайт

KUW

0

0

5

5

13

Ветнам

VIE

0

0

3

3

14

Тайван

TPE

0

0

2

2

15

Иморот

UAE

0

0

1

1

Тайланд

THA

0

0

1

1

Макао

MAC

0

0

1

1

Кореяи Ҷанубӣ

KOR

0

0

1

1

XS
SM
MD
LG