Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот дар Хайбар Пахтунхоҳи Покистон оғоз ёфт


Акс аз бойгонист.

Дар манотиқи қабиланишин ва шимолуғарбии Покистон, ки замоне зери дасти тундравони исломӣ буд, аввалин бор интихоботи маҷлисҳои вилоятӣ баргузор мешавад. Дар интихобот, ки соати 8 рӯзи 20-уми июл оғоз ёфт, тақрибан 3 миллион нафар ҳаққи ширкат доранд. Соли гузашта 7 ноҳияи қабоилнишинро якҷо сохта вилояти Хайбар Пахтунхоҳ таъсис доданд.

Қаблан сокинони ин ноҳияҳо ҳақ доштанд, дар интихоботи умумӣ ширкат кунанд. Суҳайл Хон, сухангӯи кумиссиёни вилоятии интихобот гуфт, ки 285 номзад аз ҷумла ду зан барои 16 курсии маҷлиси вилоят мубориза мебаранд. Покистон мегӯяд, дар амалиётҳои чанд соли ахир ин минтақаро аз ҳузури ҷангҷӯёну тундравон пок кардааст, ҳарчанд дар ин ҷойҳо гоҳ гоҳ бомбгузориву ҳамлаҳо сурат мегирад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG