Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов дар Ҷоми президенти Қазоқистон барандаи медали биринҷӣ шуд


Баҳодур Усмонов аз рост
Баҳодур Усмонов аз рост

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон, ки дар шаҳри Нурсултон имрӯз, 20-уми июл, ба поён мерасад, дар рақобатҳо дар вазни зери 63 кило бо медали биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллари ИМА  мукофотонида мешавад.

Баҳодур дар даври аввал бидуни рақобат ғолиб дониста шуд, зеро ки рақибаш Шалва Питсхелаури аз Гурҷистон аз сабқат даст кашид. Муштзани тоҷик дар даври дувуми мусобиқа бар Дилмурод Маҷидов аз Қазоқистон пирӯз гардид. Вале Баҳодур дар даври ниманиҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 19-уми июл баргузор шуд, аз муштзани дигари қазоқистонӣ Зокир Сафиуллин мағлуб гашт. Сафиуллин дар қувваозмоии ниҳоӣ бо Тапа Шива (Ҳиндустон) барои медали тилло мубориза мебарад.

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов бо медали биринҷӣ сарфароз мегардад. Инчунин Арген Қодирбекуулу (Қирғизистон) бо медали биринҷӣ мукофотонида мешавад.

Дарвоқеъ, Баҳодур Усмонови 21-сола, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси Осиё, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гаштааст.

Ба иттилои сомонаи Prosports.kz дар Ҷоми президенти Қазоқистон 156 муштзан (123 мард ва 33 зан) аз 13 кишвар - Алҷазоир, Булғористон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Сурия, Тоҷикистон, Узбекистон, Филиппин, Ҳиндустон ва Чин – ширкат дорад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт муштзан дохил буд:
Бахтовар Сагизов (-57 кг), Баҳодур Усмонов (-63 кг), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (-75 кг), Шаббос Неъматуллоев (-81 кг), Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг) миёни мардон, Миҷгона Самадова (-57 кг), Шоира Зулқайнарова (-60 кг) ва Идимоҳ Холова (69 кг) миёни занон.

Ба ҷуз аз Баҳодур Усмонов, варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷоизаҳо маҳрум шуданд.

Мусобиқаи VII байналмилалӣ оид ба бокс барои Ҷоми президенти Қазоқистон аз рӯи ҳашт вазни олимпӣ миёни мардҳо ва панҷ вазн миёни занон ҷараён дорад. Ғолибон дар ҳар як вазн бо ҷоизапулӣ ба маблағи 2000 доллари ИМА сарфароз мегарданд. Барои ҷойи дуюм 1000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 500-долларӣ супурда мешавад.

Ҳайатҳои ҷуфтҳои ниҳоӣ миёни занон:

51 кг
Жайна Шекербекова (Қазоқистон) — Нозим Қизайбой (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм: Ангелина Лукас (Қазоқистон), Жансая Абдураимова (Қазоқистон)

57 кг
Айжан Хоҷабекова (Қазоқистон) — Даря Абрамова (Русия)

Ҷойҳои сеюм: Ган Юанмэй (Чин), Аида Абикеева (Қазоқистон)

60 кг
Римма Волосенко (Қазоқисто) — Парвин (Ҳиндустон)

Ҷойҳои сеюм: Анастасия Селина (Русия), Карина Иброҳимова (Қазоқистон)

69 кг
Ян Ли (Чин) — — Дариға Шакимова (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм: Марина Волнова (Қазоқистон), Элмира Азизова (Русия)

75 кг
Надежда Рябетс (Қазоқистон)— Елена Гапешина (Русия)

Ҷойҳои сеюм: Чжен Лю (Чин), Бора Савити (Ҳиндустон)

Ҳайатҳои ҷуфтҳои ниҳоӣ миёни мардҳо:

52 кг
Сакен Бибосинов (Қазоқистон) — Маҳмуд Собирхон (Қазоқистон)
Ҷойҳои сеюм: Фозилҷон Абдумуродов (Узбекистон), Олжас Бойниёзов (Қазоқистон)

57 кг
Илёс Сулаймонов (Қазоқистон) — Рустам Рустамов (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм: Миразизбек Мирзохалилов (Узбекистон),
Кайрат Ералиев (Қазоқистон)

63 кг
Зокир Сафиуллин (Қазоқистон)— Тапа Шива (Ҳиндустон)

Ҷойҳои сеюм: Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон), Арген Қодирбекуулу (Қирғизистон)

69 кг
Аблайхан Жусупов (Қазоқистон)— Талгат Шайкен (Қазоқистон) Ҷойҳои сеюм: Фазлиддин Мелибоев (Узбекистон), Синг Неги Дуродхон (Ҳиндустон)

75 кг
Турсунбой Кулахмет (Қазоқистон) — Вадим Туков (Русия)

Ҷойҳои сеюм: Раҷаббой Отаназаров (Узбекистон) — Одилҷон Аслонов (Узбекистон)

81 кг
Ерик Алжанов (Қазоқистон) — Бекзат Нурдаулетов (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм: Акмалбек Козимов (Узбекистон), Козимбек Мардонов (Узбекистон)

91 кг
Василий Левит (Қазоқистон) — Ойбек Оралбой (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм:Абзал Куттибеков (Қазоқистон), Ремула Абудурексити (Чин)

+91
Нурлан Сапарбой (Қазоқистон) — Камшибек Конкабоев (Қазоқистон)

Ҷойҳои сеюм: Нурболат Сермаханов (Қазоқистон), Сергей Егоров (Русия)





XS
SM
MD
LG