Раҳимов моҳи марти имсол эълон карда буд, ки аз вазифааш муваққатан даст кашидааст. Вале, бар асоси ойинномаи AIBA ӯ имкон дошт, ки дар ҷараёни сол бидуни интихобот ба мақомаш баргардад.
Бо қарори кумитаи иҷроияи AIBA аз 27-уми июн ин банд аз ойиннома лағв шуд, яъне раҳбар аз имкони бозгашт маҳрум гардид. 15-уми июл Раҳимов дар бораи истеъфои ниҳоии худ аз мақоми президенти AIBA эълон кард.
Барои барканории комили Раҳимов дабири кулли Федератсияи бокси Русия Умар Кремлёв 27-уми июн дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AIBA дар Женева суханронӣ кардааст. Кремлёв ба иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Муҳаммад Мустаҳсанӣ, инчунин раҳбари комиссиюни этика Йост Шмид нобоварӣ изҳор доштааст.
Ёдовар мешавем, Кумитаи байналмилалии олимпӣ рӯзи 26-уми июн дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария Анҷумани байналмилалии бокси ғайрикасбӣ (AIBA)-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард.
Ба тасмими мазкур раҳбари AIBA интихоб шудани соҳибкори узбек Ғафур Раҳимов сабаб шудааст. Номи Раҳимов чанд сол аст, ки ҳамчун "яке аз раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ" дар рӯйхати таҳримшудаҳои Вазорати молияи Амрико қарор дорад.
Ненад Лалович, узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 26-уми июн гуфтааст, "AIBA ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва саҳҳомони амрикоияш мушкилии зиёд, аз ҷумла мушкили молӣ эҷод кардааст."
Кумитаи байналмилалии олимпӣ AIBA-ро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ маҳрум кард, вале боксро дар барномаи Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио боқӣ гузошт.
Анҷумани байналмилалии бокс дар пайи қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ хабар додааст, ки шумори аъзояш якбора поин рафтааст.
Муаллифи лоиҳаи Transborder Corruption Archive ва рӯзноманигори маъруф Анастасия Кириленко дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ қарори Кумитаи байналмилалии олимпиро барои маҳрум кардани AIBA аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ дуруст номидааст.
Моҳи ноябри соли 2018 Ғафур Раҳимов президенти AIBA интихоб шуда буд. Интихоби вай ба ин мақом норозигии Кумитаи байналмилалии олимпиро ба бор овард. Вазорати молияи ИМА номи Раҳимовро ба далели иртиботи ӯ бо “мафияи фаромиллӣ” ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил кардааст.
Раҳимов дар замони раҳбарии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов таҳти пайгарди қонун қарор дошт. Вале баробари ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев номи ӯ аз рӯйхати ҷустуҷӯшавандаҳо берун карда шуд