Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбози тоҷик духтарчаро аз борон ҳимоя кард


акс аз вебсайти sports.ru гирифта шудааст
акс аз вебсайти sports.ru гирифта шудааст

Рӯзи шанбеи 13-уми июл дастаи "Ротор"-и Волгоград дар даври навбатии лигаи миллии футболи Русия дар майдони худ бо "Текстилшик"-и Иваново зери борони сахт ба майдон омад.

Аз борон на танҳо футболбозон, ҳамчунин кӯдаконе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, зарар диданд. Нимҳимоятгари 26-солаи "Ротор" Муҳаммад Султонов натавонист ба манзарае, ки духтарчаи назди ӯ буда аз борон тар мешавад, бетафовут бошад. Бинобар ин бо футболкааш сари ӯро пӯшондааст.

Ин аксро сомонаи sports.ru нашр намуда, рафтори футболбозро хеле шоиста арзёбӣ кардааст.

Муҳаммад Султонов 21-уми декабри соли 1992 дар ноҳияи Ёвони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари ССКА-и Маскав мебошад, ки дар ҳайати тими ҷавонони ин бошгоҳ ҳамчун ҳамлагар бозӣ кардааст.

Вай аз соли 2012 узви дастаи "Локомотив-2"-и Маскав буд. Дар ибтидои соли 2014 ба тими "Спартак-Нальчик" ва тобистони ҳамон сол ба дастаи "Тосно"-и Тосно гузаштааст. Баъдан дар тими "Шинник"-и Ярославл ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 2017 дар дастаи "Ротор" бозӣ мекунад.

Султонов мавсими гузашта дар ҳайати "Ротор" 15 бозӣ карда, 4 гол задааст. Соли 2017 бошад, дар 36 бозӣ 6 гол зада буд.

XS
SM
MD
LG