Мунтахаби Русия низ 82 медал гирифт, вале бо дарназардошти сифати медалҳо русиягиҳо мақоми дуюмро касб намуданд. Онҳо соҳиби 22 медали тилло, 24 нуқра ва 36 биринҷӣ гардиданд.
Мунтахаби Чин бо касби 43 медал (22-13-8) дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифт. Дар байни панҷ дастаи пешсаф, инчунин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 53 медал (21-17-15) ва Кореяи Ҷанубӣ бо касби 50 медал (17-17-16) ҷойгир шуданд. Дастаи мизбон - мунтахаби Италия - бо касби 44 медал (15-13-16) шашум шуд.
Дар Универсиадаи XXX ҷаҳонии тобистона ҳудуди 6000 варзишгар аз 89 кишвар иштирок карда, оид ба 18 намуди варзиш рақобат карданд.
Ба ҷуз аз Русия дар Универсиада боз варзишгарони 11 кишвари собиқи шӯравӣ ширкат намуда, ба чунин натиҷаҳо ноил шуданд: Украина 20 медал (6 тилло -7 нуқра -7 биринҷӣ) – ҷойи 11-ум, Озарбойҷон 7 медал (2-3-2) – ҷойи 18-ум, Узбекистон 8 медал (2-2-4) – ҷойи 19-ум, Молдова 4 медал (2-0-2) – ҷойи 23-юм, Қазоқистон 7 медал (1-5-1) – ҷойи 25-ум, Беларус 5 медал (1-3-1) – ҷойи 26-ум, Литва 4 медал (1-1-2) – ҷойи 29-ум, Арманистон 2 медал (1-0-1) – ҷойи 34-ум, Эстония 2 медал (1-0-1) – ҷойи 35-ум, Гурҷистон 2 медал (0-1-1) – ҷойи 47-ум, Латвия 1 медал (0-0-1) – ҷойи 56-ум.
Вале варзишгарони Туркманистон бе медал монданд. Варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон дар Универсиадаи ҷаҳонии тобистона дар Неаполии Италия ширкат надоштанд.
Универсиадаи навбатии ҷаҳонии тобистона аз 8-ум то 19-уми августи соли 2021 дар шаҳри Чэндуи Чин доир мегардад.
Агар аз авлоди президент мебуд чи
Адолати суди дар Точикистон????Худо накунад,ки ба онхо корат афтад....
Бо гадои давлатдори карда мешудааст
Дар изҳороти Додситонии кул Баҳром Иноятзодаро ҳамчун хидматчии давлатӣ барои дастикам панҷ сол пинҳон кардани даромадҳояш айбдор кардаанд. Ауууу..... Читавр пинхон кардани даромадхо? Магар раиси хадамоти давлати набуд, ки гуфта буд холо точикистон барои чопи дороихои хизматчиени давлати таер нест? Аз кучо онхо фахмидаанд, ки у панч сол пинхонкори кардааст? Ин чи хукми суд аст, ки мардум хабар надорад? Бояд дороихои хама чиновникхои точикистон чоп шавад. Мардум донад, ки чи дорад чи не.
Мардуми кишвар Худо доранд, Пайғамбар ва Қуръон доранд, Қонуни асосии Ҷумҳуриашонро доранд ва ба маслиҳати тубаринҳо мӯҳтоҷ нестанд.