Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештару бенавотар: Иқтисоди Тоҷикистон афзоиши аҳолиро мебардорад?


Таҳлилгарон мегӯяд, рушди босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон бе низоми қавии маориф ва нерӯи кории соҳибихтисос дар оянда бӯҳрони амиқеро барои кишвар пеш хоҳад овард. Вале коршиносони наздик ба ҳукумат бовар доранд, ки сиёсати демографии давлат хуб роҳандозӣ шуда, ҳамаи равандҳо зери назоратанд.

Ойпарчамо Азизова, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар умри 68-солааш ҳамроҳ бо ҳамсараш 6 фарзанд ва 15 набераро ба воя расонидаанд. Вале вазъи иқтисодии ин оила ниёз ба беҳбуд дорад.

"Хонавода аз ҳисоби писарам, ки дар Русия кор мекунад ва ҳар моҳ 4-5 ҳазор рубли русӣ мефиристад, зиндагӣ мекунад. Ман 180 сомонӣ ва ҳамсарам 250 сомонӣ нафақа мегирем",-нақл мекунад ин зани солманд. Фарзандони дигар, ба гуфтаи ӯ, ҷойи кори доимӣ надоранд. Дар ин шароит, мегӯяд Ойпарчамо, ӯ ва шавҳараш ҳатто барои харидани доруҳои зарурияшон пул надоранд ва аз чунин харҷҳо худдорӣ намуда, маблағҳоро барои ғизои хонавода сарф мекунанд.

Фақр ба унвони хатар

Ин гуна хонаводаҳои серфарзанд хоси саросари Тоҷикистонанд. Кишвар дар зоиш пешсафи қалрамрави пасошӯравист. Бино бар омори расмӣ, солона аҳолӣ 2,2 дарсад, яъне 200 ҳазор нафар зиёд мешавад. Агар соли 1990 дар Тоҷикистон 5,4 млн. нафар зиндагӣ мекард, дар соли 2018 ин нишондиҳанда ба 9,1 миллин нафар расид. Дар ҳамин ҳол шумораи аҳолии фаъол ва қобили кор бештар аз 60 дарсадро ташкил медиҳад.

Таври маъмул, вазъи ногувори иқтисодӣ, набуди ҷойи кори доим ва маблағ барои зиндагӣ сабаби кам шудани зоиш намешаванд. Сатҳи фақр дар Тоҷикистон 29,5 дарсад аст, вале коршиносон ин рақамро хеле дасткоришуда медонанд. Тибқи баррасии Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ дар соли 2018 ҳудуди 47 дарсади аҳолӣ бо камтар аз 1,33 доллар дар рӯз ва 17 дарсад бо камтар аз 0,85 доллар дар моҳ бар сар мебурданд. Дар ҳамин ҳол шумораи таваллуд дар кишвар 3,9 кӯдак ба ҳар як занро ташкил додааст.

Коршиносон аз вуҷуди хатарҳое нигаронӣ мекунанд, ки дар чунин шароит ҷавонони камсавод ва бекор бештар ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Дарди сари иқтисод

Вале ба гуфтаи ходими илмии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Акбар Субҳонов, вазъи демографӣ дар Тоҷикистон хуб ба ҳисоб меравад. "Мувофиқи Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, аҳолӣ бояд то 11,5 млн. нафар боло равад. Ҳукумат сарфи назар аз мукшилот, талош дорад ҷойи кор биофарад ва вазъи мудирият кунад",-мегӯяд Субҳонов.

Бо вуҷуди ин, Субҳонов сар задани мушкилот бар асари зиёд шудани ҷамъиятро сарфи назар намекунад ва мегӯяд, ки мақомот бояд ба тақвият бахшидани рақобатпазирии маҳсулоти дохилӣ таваҷҷуҳ намоянд ва нархгузорӣ дар бозорро ба хотири ҷавобгӯ буданаш ба имконоти молиявии мардум, таҳти назорати шадид бигиранд.

Бино бар омори расмӣ дар соли гузашта сатҳи ММД Тоҷикистон 68 млрд ва 844 млн сомонӣ (7,3 млрд доллар) ва ММД бар сари аҳолӣ 7565 сомонӣ (802 доллап)-ро ташкил додааст. Сатҳи миёнаи маош дар кишвар 1,2 ҳазор сомонӣ (127 доллар) ва ҳаҷми ҳадди ақали нафақа ҳудуди 400 сомонӣ - 42 долларро дар бар мегирад.

Сарфи назар аз ин ки омори расмӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ҳудуди 7,3 дарсад баробар ба кишварҳои аз ҳама зудрушдёбанда қисса мекунанд, вале шумораи бекорон дар кишвар кам намешавад ва теъдоди муҳоҷирон ба арзёбии гуногуни коршиносон аз 1 то ду миллионро дар бар мегирад.

Хуршед, як муҳоҷири ҷавони тоҷик, ки дар яке аз мағозаҳои хӯроквории Маскав фурӯшанда аст, сарфи назар аз ин, ки риштаи меъморӣ ва баъдан давраи магистратураро дар риштаи менеҷмент дар Русия хондааст, натавонист соҳиби ҷойи коре дар кишвар шавад. "Баъди магистратура ман хонадор шудам. Тақрибан 1,5 сол дар ватан кор кофтам. Маро ё напазируфтанд ё вазифаҳое бо маоши то 1000 сомон пешниҳод карданд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки ҳамроҳ бо ҳамсарам аз кишвар биравем",-нақл мекунад ин ҷавони муҳоҷир.

Ба маълумоти Оҷонсии омор, дар оғози соли 2019 дар Тоҷикистон шумораи бекорон 2 дарсад ё 47 ҳазор нафарро ташкил медодаанд. Вале бино ба шумораи онҳое, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд, ин теъдод танҳо муште аз хирвор менамояд.

Талошҳои маҳдуд кардани зоиш

Тоҷикистонро мешавад ягона кишвари минтақа донист, ки назорат бар таваллудро тарғиб мекунад. Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба хонаводаҳо машварат додаанд, ки камтар таваллуд кунанд, аз василаҳои пешгирии обистан бештар истифода карда, сатҳи савод ва таҳсилотро, хусусан дар минтақаҳо боло баранд.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ сатҳи баланди фақр, муҳоҷират ва бекориро ба афзоши аҳолӣ рабт дода, ба Тоҷикистон низ тавсия кардаанд, ки зоишро поин биоварад.

Миёни доираи коршиносони кишвар касоне ҳам ҳастанд, ки пешниҳод мекунанд ба монади Чин таваллудро дар доираи қонунгузорӣ маҳдуд намоянд. Вале ин мухолиф ба Консепсияи давлатии сиёсати демографии Тоҷикистон аст, ки равишҳои хушунатомези назорати равандҳои демографиро манъ мекунад.

"Ритми Авруосиё" менависад, ки дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа аз маҳдуд кардани таваллуд истифода намекунанд, зеро дар минтақа нақши ин омили исломӣ "кӯдакон бояд ҳамон қадаре бошанд, ки Аллоҳ медиҳад”, бисёр муассир аст. Ба гуфтаи муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон Рустам Азизӣ, аз нуқтаи назари дин пешгирии таваллуд нописанда аст, вале дар айни замон ба далелҳои гуногун ҷоиз дониста мешавад.

"Аз тарси ин, ки ту наметавонӣ кӯдаконро бихӯронӣ ва аз таваллуд худдорӣ кунӣ, ин макруҳ аст, яъне амали ҷоиз нест, вале агар ин кор марбут ба саломатии кӯдакон, занон ва дигар далелҳои муҳим бошад, амали мамнуъ нест. Мафҳуме бо номи "азл", ки маънои қатъи робитаи ҷинсиро дорад (ба хотири пешгирӣ аз бордоршавӣ) вуҷуд дорад, ки мутаносибан истифодаи пешгирӣ аз таваллуд ва василаҳои дигарро иҷоза медиҳанд”,- мегӯяд Азизӣ. Дар баробари ин, ба гуфтаи ӯ, ин кор набояд маҷбурӣ, балки бо ризояти тарафайн анҷом бигирад.

Такя ба тахассусбандии муҳоҷир

Умедҳои бисёре дар кишвар ба ҳадафи ҷаҳоруми стратегие, ки президент эълон кардааст - саноатӣ кардани иқтисод алоқаманд мебошанд. Вале ба гуфтаи бархе аз коршиносон, ин наметавонад василаи халосии комил аз бекорӣ бошад.

"Ҳоло рушди истеҳсолоти навоварона ҷараён дорад, ки дар заводе, ки пештар 1000 нафар кор мекард, ҳоло бар асари рушди фанновариҳо 100-200 коргар зарур асту халос. Аз ин рӯ, имкон надорад, ки 10 миллион шаҳрвандро дар дохили кишвар ба кор таъмин кард",-мегӯяд коршиноси тоҷикистонӣ Михаил Петрушков.

Ба гуфтаи ӯ, агар ба ин мушкил таваҷҷуҳ сурат нагирад, пас бар пояи нақшаи классикӣ, як мушкили иқтисодӣ табдил ба як такони бузурги иҷтимоӣ хоҳад шуд. Аз ин рӯ, коршинос пешниҳод мекунад, ки қувваҳои кории содиротшаванда бояд навъбандӣ шаванд ва мутахассисонро бояд дар соҳаи сохтмон омода кард.

"Агар ҳоло барномаи омода кардани кадрҳои баландихтисос қабул карда шавад ва Хадамоти муҳоҷират ба таъмин кардани шаҳрвандон бо ҷойи кор дар хориҷ аз кишвар оғоз кунад ва Вазорати корҳои хориҷӣ шароити бидуни раводид бо дигар кишварҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам кунад, пас мешавад раванди муҳоҷирати меҳнатиро навъбандӣ кард",-пешниҳод мекунад ин коршинос.

Зимнан дар Тоҷикистони муосир ин гуна таҷриба дар яке аз лоиҳаҳои Оқохон – Донишгоҳи Осиёи Марказӣ истифода мешавад. Мактаби таҳсилоти доимӣ ва бидуни таътили ДОМ шуруъ аз соли 2006 курсҳои омӯзиши забони англисӣ, фановариҳоии ҳисобгирии муҳосибот, мудирияти тиҷорати хурд, фановариҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин риштаҳои техникие чун дуредгари сохтмон, мутахассиси техникаи санитарӣ, автомеханик ва риштаҳои дигарро роҳандозӣ кардааст.

Ин давраҳо барои соҳиби малакаҳои нав шудани донишҷӯён ва пайдо кардани кори беҳтар дар хориҷ аз кишвар роҳандозӣ шудаанд. Агар пештар ин тарҳ танҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амал мекард, пас ҳоло ба гуфтаи намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов, Мактаби таҳсилоти доимӣ ва бидуни таътили ДОМ дар Данғара, Кӯлоб ва Бохтар ҳам боз мешавад.

Маориф ва ислоҳот василаи наҷот

Таҷрибаи Чини ҳамсоя нишон медиҳад, ки афзоиши аҳолии қобили кор, маъмулан ба пойин омадани арзиши кор меоварад ва агар мудирияти дуруст ва муҳити созгори иқтисодӣ фароҳам карда шавад, сармоягузорони бузург барои бунёди корхонаҳо дар ҳудудҳои мувофиқ манфиатдор мешаванд ва ҷойҳои кор меофаранд.

Оё ба ин таҷрибаи Чин дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ мекунанд ё не, маълум нест, вале демографҳои тоҷик роҳи мушаххаси наҷотро дар рушди маориф мебинанд. Ба ин тартиб, ба гуфтаи профессори маъруфи тоҷик Саъдулло Исломов, бо боло бурдани сатҳи омӯзиши аҳолӣ, низоми арзишҳои он ба таври қобили мулоҳиза тағйир мекунад.

"50-60 сол аҳолии маҳаллӣ ба суоли чанд фарзанд доштан мехоҳед, бидуни тағйир мегуфтанд, ки "ҳар қадаре Худо бидиҳад". Чаро? Барои он ки сатҳи ҷаҳонбинӣ ва омӯзиш хеле паст буд. Ман чанде пештар тадқиқот гузаронидем ва бар пояи натиҷаҳои он 80 дарсади пурсидашудаҳо гуфтанд, ки ҳамагӣ ду ё се фарзанд доштан мехоҳанд. Яъне, бар пояи баланд шудани сатҳи омӯзиш, мардум сатҳи таваллудро кам мекунанд",-гуфта буд Исломов дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов танҳо такя кардан ба содироти захираҳои кориро иштибоҳ медонад ва пешниҳод мекунад, ки дар кишвар низоми корофаринӣ созмон дода шавад. "Афзоиши бемайлони аҳолӣ вобаста ба омилҳои иҷтимоӣ аст - дар шароите, ки ҳадди миёнаи нафақа 400 сомонӣ мебошад, фарзандон кафили аслии некуаҳволии молиявӣ дар пиронсолӣ мегарданд. Вақте давлат аз ӯҳдаи иҷрои вазифаи бимаи иҷтимоии худ намебарояд, пас оила онро ба ӯҳдаи худ мегирад",-бовар дорад коршинос.

Ӯ тахмин мезанад, ки бо рушди некуаҳволии мардум сатҳи таваллуд ҳам коҳиш меёбад ки дар шароити Тоҷикистон ин аз ислоҳоти ҳамачҷониба вобаста аст. "Хусусан аз фароҳам кардани шароит барои соҳибкории хурду миёна, сармоягузорӣ ва коҳиши фасод тариқи поин бурдани бори андоз барои соҳибкорон". Мавзуи афзоиши аҳолӣ, ба назари Муллоҷонов, ҳамеша пойбанди шароити иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад ва набояд дар алоҳидагӣ баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG