Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Мирасрори Фарғонӣ барои кор дар як расонаи Тоҷикистон муҷаввиз дод


Мирасрори Фарғонӣ.

Дар солҳои баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ ба унвони нахустин хабарнигори расонаи тоҷикӣ дар Узбекистон расман сабти ном шудааст.

Ин хабарнигори тоҷикзабони кишвари ҳамсоя танҳо хабарнигори Узбекистон аст, ки узвияташ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барқарор карда шудааст.

Аз замони беҳбуди робитаҳои миёни Душанбе ва Тошканд беш аз ду сол гузашта ва ҳамакнун Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бори нахуст аз замони касби истиқлол дар соли 1992, як шаҳрванди кишварро ба унвони хабарнигори расонаи мустақили Тоҷикистон сабти ном кард.

Мирасрори Фарғонӣ, ки дар гузашта хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Узбекистон буд, ду сол қабл узвияташ дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон барқарор карда шуд.

Ӯ рӯзи 3-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як ҳамоиши озодии баён дар шаҳри Душанбе ширкат доштааст ва дар сӯҳбатҳо аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки то ҳол ҳеҷ яке аз расонаҳои давлативу хусусии Тоҷикистон дар Узбекистон намояндагӣ надорад.

Вай афзуд, ҳафтаномаи "Фараж" пешниҳод кард, ки вазифаи хабарнигори нашрия дар Узбекистонро ба зимма бигирад: "Ҳамроҳам ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти ном дар Вазорати хориҷии Узбекистонро ба Тошканд овардам. Тақрибан баъд аз ду моҳ вазорат маро расман ба қайд гирифт ва ҳамакнун фаъолиятамро оғоз мекунам. Нахуст аз пешниҳоди хабарҳо шурӯъ карда, сипас ба таҳияи матолиби таҳлилӣ мепардозам".

Ин хабарнигор мегӯяд, ҳоло дар Узбекистон вазъият тағйир ёфтааст ва таҳаввулоти бузурге сурат мегиранд. Мегӯяд, ҳарчанд таҳияи матолиби интиқодӣ ҳадафи аслии ӯ нест, вале бо пеш омадани ҳодиса ё раванде, ки интиқодпазир аст, аз он сарфи назар нахоҳад кард.

Мирасрори Фарғонӣ дар гузашта роҳбарии бахши хабарнигорони тоҷик дар Иттифоқи журналистони Узбекистонро ба зимма дошт ва ҳоло умедвор аст, ки расонаҳои дигари Тоҷикистон, бахусус, шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва нашрияҳои расмӣ дар Тошканд намояндагиҳои худро ифтитоҳ мекунанд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи "Фараж" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бо беҳбуди робитаҳо бо Узбекистон, зарурате пеш омадааст, ки хонандаҳои тоҷикро бо таҳавуллот дар кишвари ҳамсоя ошно созанд.

Хабарнигори тоҷик афзуд: "Ҳоло дар Тоҷикистон мухотабони мо ба хабарҳо аз Узбекистон таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Мутмаинам, ки Мирасрори Фарғонӣ метавонад барои мо матолиби ҷолиби хонданӣ пешниҳод кунад".

Лола Олимова.
Лола Олимова.

Лола Олимова, раҳбари барномаҳои IWPR ё Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳи Бритониё дар Тоҷикистон аз истихдоми як хабарнигор барои таҳияи матлабҳо ба нашрияи "Фараж" ситоиш кард ва гуфт, ки баъд аз беҳбуди робитаҳои миёни Тошканд ва Душанбе чунин амр ғайримунтазира нест. Зеро, ба гуфтаи вай, сокинони ҳарду кишвар ташнаи гузоришҳои воқеӣ аз ҳаёти ҳамдигаранд.

Хонум Олимова афзуд, "ҳамчун сокини Тоҷикистон иқрор мешавам, ки ба гузоришҳои воқеӣ аз Узбекистон ниёз дорам. Умедворам, Мирасрори Фарғонӣ метавонад хонандагони тоҷикро бо вазъи воқеӣ дар Узбекистон ошно созад".

То соли 2018, замони сари кор омадани президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар сард буд. Нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-уми марти соли 2018 сурат гирифт. Ин ду кишвар, ки созишномаи шарикии стратегиро имзо карданд, ба густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳо таъкид карданд.

Дар сафари Мирзиёв ва ҳайати ҳукуматаш даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф имзо шуд, вале коршиносон лағви раводиди сафар ба муддати 30 рӯз миёни ду кишварро муҳимтарин дастоварди ин сафарҳо медонанд.

То моҳи марти соли 2018 барои убури марз бо Узбекистон сокинони ду кишвар бояд виза мегирифтанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG