Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири кулли “Роғун” дар порлумон: Кор бе камбуд намешавад. ВИДЕО


Хайрулло Сафарзода
Хайрулло Сафарзода

Мудири кулли нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар ҳоле ки дар порлумон гуфт, “кор бе камбуд намешавад”, санаи истеҳсоли барқ дар чархаи дувуми нерӯгоҳро эълон кард. Вай гуфт, агрегати дувуми “Роғун” рӯзи 9-уми сентябри имсол ба тавлиди нерӯи барқ шуруъ мекунад.

“Агрегат сад дарсад ба кор омодааст”, -- гуфт Хайрулло Сафарзода рӯзи 28-уми июн дар Маҷлиси Намояндагон.

Агрегати якуми “Роғун” моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд, вале баъди чанде ба сабаби мушкилоти фаннӣ истод. Масъулони нерӯгоҳ бовар доранд, ки ин дафъа мушкиле пеш нахоҳад омад. На фаннӣ ва на молиявӣ.

Дар нимаҳои моҳи июни имсол ширкати украинии "Днепр-Спецгидроэнергомонтаж" низ аз васлу насб ва фаъол шудани чархаи дувуми нерӯгоҳи барқиву обии Роғун хабар дода буд.

Хайрулло Сафарзода, масъули сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” гуфт, садди обанбор то 70 метр расидааст. Онҳо тибқи нақша кор мекунанд, аммо нагуфт, чаро агрегати дувум аз рӯи нақша фаъол нашуд. Он бояд моҳи апрел мечархид ва чаро ба таъхир афтод? Ваиклони порлумон низ ин масъаларо ба баҳс накашиданд.

Ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

“Роғун” аз тарҳи пурхарҷтарин дар Тоҷикистон аст. Соле миллионҳо сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.

Чанд дафъа даромади саҳмияҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Бархе ҳам бар даромади ин саҳмияҳо изҳори шубҳа кардаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Чаро агрегати дувуми "Роғун" дер ба кор сар кард?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Инчунин баъзе аз созмонҳои молии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд аз оқибатҳои фурӯши евробондҳо барои сохтмони Роғун нигаронанд. Ба гуфтаи мутахассисони ин бонк, мумкин аст, бозгардонидани ин маблағҳои бузург барои Тоҷикистон, ки иқтисоди хурд дорад, мушкил шавад ва будҷаи кишварро зери фишор қарор диҳад.

Чанде пеш бархе кормандони ин нерӯгоҳ ва ҳам омӯзгорони як мактаби вобаста ба он аз нагирифтани маоши худ шикоят карданд. Баъзе аз кормандонро аз сохтмони нерӯгоҳ ихтисор кардаанд. Бо вуҷуди ин, масъулон бар инанд, ки мушкили молӣ надоранд ва ҳамагуна сарусадоро рад мекунанд.

Хайрулло Сафарзода, мудири кулли нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфт, “комиссияи тафтишотӣ фаъолияти муҳосибавӣ ва фаъолияти иҷроиявиро санҷид. Ҳамчунин аудити байналмиллаӣ ба корҳои муҳосибӣ баҳо доданд. Онҳо кори худро мусбат анҷом доданд. Хайр, кор бе камбуд намешавад.”

Ҳоло ки сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ба марҳалаи бунёди сарбанди асосӣ ворид шуд, сармояҳои ҳангуфтеро тақозо дорад. Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон соли 2019 аз будҷа 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 222 миллион доллар) маблағ ҷудо кардааст.

Вале кишвар имкони аз будҷаи худ ҷудо кардани маблағи бештар аз инро надорад ва аз ин рӯ барои ҷалби сармояи бештар ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст. Вале маълум нест, созмонҳои байналмилалӣ ин тарҳро сармоягузорӣ мекунанд, ё на.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун дар замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ ҳамн вақт оғоз ёфта буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ намуд.

XS
SM
MD
LG