Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Туркия ҷузъиёти қатли Фирӯза Аҳмедоваро хост


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз ниҳодҳои интизомии Туркия дар бораи қатли як зани тоҷик дар шаҳри Истанбул ҷузъиёт хостаанд.

Ҷасади Фирӯза Аҳмедоваи 34-сола субҳи 26-уми июн аз макони зисташ дар Истанбул пайдо шуд. Сабабҳои қатли ӯ то ҳол эълон нашудааст. Ҳодисаро пулиси Туркия таҳқиқ дорад.

Маҳмадалӣ Раҷабов, сафири Тоҷикистон дар Туркия, рӯзи 28-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, “қазияи кушта шудани зани тоҷикро пайгирӣ доранд”, вале иттилои бештар надод. Дар консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул низ рӯзи 28-уми июн танҳо гуфтанд, ки Фирӯза Аҳмедова дар ин шаҳр кор мекард.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ гуфт, ки Фирӯза Аҳмедова зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд аст.

Туркия яке аз кишварҳое мебошад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ва саёҳат ба он зиёд сафар мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доранд, то се моҳ ба Туркия бе раводид сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG